Ovozi.uz

35 бино барои 35-солагӣ

Тавре қаблан хабар дода будем, дар вилояти Самарқанд ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи лоиҳаи «35 бино барои 35-солагӣ» 35 бинои маҳалла ба таври замонавӣ сохта, таъмир ва ба истифода дода мешавад.

Чорабинии навбатӣ дар маҳаллаҳои Вайрот ва Полвонтеппаи ноҳияи Каттақӯрғон баргузор гардид. Биноҳои нави ин маҳаллаҳо замонавӣ буда, бо тамоми шароитҳо ҷиҳозонида шудаанд.

Дар маросими ифтитоҳи он фаъолони маҳалла, нурониён ва намояндагони аҳли ҷомеа ширкат доштанд. Ба истифода додани биноҳои нав ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар сохтори маҳалла, ташкили кор бо сокинон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандон хизмат мекунад.

Дар доираи лоиҳаи «35 бино барои 35-солагӣ» корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаҳои вилояти Самарқанд идома доранд.