Ovozi.uz

Дар футбол корти кабуд пайдо мешавад

Бино ба хабари Тhe Telegraph, Шӯрои Ассотсиатсияи байналмилалии футбол (IFAB), ки қоидаҳои футболро идора ва ба тартиб медарорад, чунин дигаргуниро аллакай маъқул донистааст ва дар рӯзҳои наздик эълон мекунад.
Ҳакам ба бозингарон барои фоли тактикӣ, ки ҳуҷуми истиқболнокро нигоҳ медорад, инчунин, барои эътироз ва кашмакашиҳо корти кабуд нишон медиҳад.
Футболбозе, ки корти кабуд мегирад, 10 дақиқа аз майдон барканор мегардад. Ба футболбозе, ки 2-то корти кабуд ё ин ки зард мегирад, корти сурх нишон дода мешавад. Корти кабуд муваққатан дар мусобиқаҳои топ пайдо намешавад, аммо Англия онро дар тобистон аз таҷриба гузарониданаш мумкин.