Ovozi.uz

Тамоюли «Ду забон ва як касб» амалӣ мешавад

Дар ҷамъомаде, ки 20‑уми январи соли равон таҳти раёсати роҳбари кишварамон оид ба масъалаҳои ривоҷи сохтори бозомӯзии забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунар дар мактабҳо доир гардид, ба масъулин супориш дода шуд, ки дар ҳар ноҳия донишомӯзони шавқманди забономӯзӣ ва касбу ҳунарро, ки имконияти моддӣ надоранд, интихоб карда, ба онҳо на кам аз ду забони хориҷӣ ва касбу ҳунар омӯзанд.
Бо мақсади таъмини супориш ва амалӣ намудани лоиҳаи зерин, 5‑уми феврали соли равон дар мактаби таълими умумии рақами 22‑и ноҳияи Самарқанд дар доираи тамоюли «Ду забон ва як касб» чорабинии маънавӣ-­маърифатӣ баргузор гардид. Дар он гурӯҳи кории иборат аз роҳбари шӯъбаи раёсати хазинаи «Нуронӣ»-и ҷумҳурӣ Нодира Мӯсоева, роҳбари «Мактаби бибиҷонҳо»-и вилоят Гулбаҳор Ҳусайнова, роҳбари шӯъбаи ноҳиявии хазинаи «Нуронӣ» Саид Мардонов, муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Гулобод» Нормурод Каримзода ва дигарон иштирок карданд.
Гурӯҳи корӣ нахуст бо 20 нафар донишомӯзе, ки нияти хонишро доранд ва шароитҳои барои онҳо муҳайёгардида шинос шуданд.
Дар рафти чорабинӣ таъкид гардид, ки мақсад аз ин лоиҳа бозомӯзии забонҳои хориҷӣ ва асрори касбу ҳунарҳо ба ҷавонон ва ба ин восита бо хираду комил ба воя расонидани онҳо мебошад. Барои татбиқи лоиҳа омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, дар назди онҳо вазифаҳои муайян гузошта шудааст.
Дар охир донишомӯзон низ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Сипас, гурӯҳи корӣ ба маҳаллаи Қумзор рафта, бо рафти корҳое, ки дар доираи тамоюли «Як нуронӣ ба даҳ ҷавон масъул» амалӣ мешаванд, шинос гардид.


Савринисо НАРЗУЛЛОЕВА