Солҳои охир барои ривоҷ додани соҳаи сайёҳӣ аз тарафи ҳукумат эътибори махсус дода мешавад ва дар ин самт як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ имзо гардида, самтҳои нави сайёҳӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин замина, дар деҳаҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳо инфрасохтори туризм ривоҷ ёфта, барои меҳмонони хориҷӣ ва маҳаллӣ шароитҳо фароҳам карда мешавад. Ҳатто дар деҳаҳо низ меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд мегарданд. Масалан, ҳоло дар деҳаи мо , — Ӯхм як қатор меҳмонхонаҳои оилавӣ, аз ҷумла, меҳмонхонаи «Hayat Gusthose» фаъолият дорад, ки хуштарҳу зебо сохта шудааст. Ин меҳмонхона соли 2008 таъсис ёфта, ҳамасола ба беш аз 2 ҳазор нафар сайёҳони хориҷиву маҳаллӣ хидмат мерасонад.
Ба деҳаи мо сайёҳҳон асосан дар фасли баҳору тобистон омада, манзараи дилангези Ӯхмро пиёда тамошо мекунанд, аз ҳавои тоза баҳраманд мегарданд. Ҳатто шудааст, ки онҳо дар маросими тӯйи деҳа иштирок карда, аз нозу неъмат, таомҳои миллии мардум нӯши ҷон ва меҳмондӯсту дасткушод будани халқи моро эътироф намудаанд.
Дар деҳа барои ҳифзи олами набототу ҳайвонот Мамнӯъгоҳи давлатии «Нурато» ташкил гардидааст, ки қисми бузурги ҳудуди ноҳияи Фориш ва ҳиссае аз қаламрави ноҳияҳои Нуратою Қӯшработи вилоятҳои Навоию Самарқандро фаро мегирад. Дар ин ҷо паррандаҳои муқимӣ ва ёбоӣ, беш аз 30 навъи ҳайвоноти ширхор, мору хазандаҳо, инчунин гӯсфанди Северсев ва оҳу, ки аксари онҳо ба «Китоби Сурх»-и Ӯзбекистон ворид гардидаанд, мавҷуданд.
Сайёҳони хориҷӣ, ки бештар аз Русия, Фаронса, Олмон, Англия, Амрико ва дигар давлатҳо ташриф меоваранд, кӯҳҳои Ӯхмро бо завқ тамошо карда, лаззат мебаранд ва рӯҳу тани худро ором мебахшанд. Фаъолият пеш бурдани чунин меҳмонхонаҳо дар деҳаҳои дурдаст, албатта барои меҳмонон, бахусус, сайёҳони хориҷӣ хеле хуб шуд. Зеро онҳо бе ҳеҷ хавотир ҷойи хоб, истироҳат ва имконоти бештари сайру тамошоро пайдо мекунанд.
Хуршеда САТТОРОВА,
деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах
