Ovozi.uz

Оила, шуур ва масъулият: фармони нав чӣ маъно дорад?

3-юми марти соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармони навро ба имзо расонд. Ин ҳуҷҷат танҳо як санади ҳуқуқӣ нест, балки сигнали амиқе ба ҷомеа мебошад: бехавфии занон ва кӯдакон — муҳокима не, балки масъалаи устувор аст.

Солҳои охир баъзе муаммоҳо зери пардаи “масъалаи шахсӣ ё оилавӣ” пинҳон мемонданд. Никоҳи бармаҳал, фишору зӯроварӣ, таҷовузи ҷинсӣ ва вобастагии иқтисодӣ — ҳар яке аз инҳо метавонад сарнавишти як инсонро вайрон созад. Акнун давлат нисбат ба чунин ҳолатҳо муносибати қатъӣ мебинад.

Никоҳи бармаҳал — анъана ё бемасъулиятӣ?Фармон барои пешгирии никоҳи бармаҳал механизмҳои ҷиддиро ҷорӣ мекунад. Маҷбурӣ будани хабар додан, боз ҳам вазнинтарн шудани ҷавобгарӣ ва муқаррар будани ҷазо — ҳамаи ин ба як мақсад равона шудааст: ҳифзи кӯдакӣ.

Аз ҳама муҳим, ки ҳуҷҷат танҳо бо манъ кардан маҳдуд намешавад. Давлат инчунин никоҳи аввалро, ки баъд аз 21-солагӣ бо интихоби огоҳона баста мешавад, дастгирӣ ва ҳавасманд мекунад. Ин сиёсати тавозуни “манъ ва интихоб” аст. Ин ҷазо не, балки сиёсати дастгирии қарорҳои бошуурона мебошад.

Оё муносибат ба зӯроварӣ тағйир меёбад?Фармон муносибат ба зӯровариро низ тағйир медиҳад. Акнун чунин ҳолатҳо на ҳамчун “ҷанҷоли оилавӣ”, балки ҳамчун ҳуқуқвайронкунӣ арзёбӣ мешаванд. Гузаштани ваколати тафтишоти ҷиноятҳои ҷинсӣ ба прокуратура, вазнинтар шудани ҷазо ва ҷорӣ шудани низоми муфаттишон ва судяҳои махсус омодашуда — нишонаи ислоҳоти системавист.

Бо вуҷуди ин, ҳатто бо қонунҳои сахт ҳам агар шуури ҷомеа тағйир наёбад, натиҷаи пурра шуда наметавонад.

Раъно Тошниёзова,

ҷонишини ҳокими шаҳри Самарқанд.