Ходимони хидмати амнияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Департаменти назди прокуратура ва Садорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё чораҳои зудамалеро ба анҷом доданд. Дар натиҷаи чораҳои зудамали ҳифзи ҳуқуқ, зодаи вилояти Бухоро (соли таваллуд 1991) муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Гулистон ҳангоми фурӯши фарзанди худ ба ивази 40 ҳазор доллари ИМА дастгир мешавад. Инчунин, дар вилояти Сурхондарё истиқоматкунандаи ноҳияи Термиз (соли таваллуд 1993) бо шарики ҷиноияш (соли таваллуд 1982) фарзанди худашро, ки моҳи январ таваллуд шудааст, ҳангоми фурӯхтани ба ивази 25 миллион сум, аз тарафи ходимони амнияти давлатӣ боздошт шудааст. Ҳангоми гузаронидани чунин чорабинӣ дар шаҳри Тошканд сокини шаҳри Чирчиқ (соли таваллуд 1997) фарзанди худашро (соли таваллуд 2018) дар шаҳри Тошканд ба ивази 3 ҳазор доллари ИМА дапстгир шудааст. Ғайр аз ин, дар шаҳри Намангон зани 29 сола фарзанди худашро, ки соли 2014 таваллуд ёфтааст, аз харидор 18 ҳазор доллари ИМА талаб карда, ҳангоми гирифтани 4 ҳазор доллари он, бо далели ашёвӣ дастгир мешавад. Ҳоло нисбати ҳолатҳои мазкур мувофиқи кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо моддаи 135 қисми 3, банди «а»айбдор дониста,, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Корҳои пурсуҷӯӣ давом дорад.
Ходимони ҳифзи ҳуқуқ ба фаъолияти як қатор савдогарони одам нуқта гузоштанд
