Ovozi.uz

Бозии рафиқона. «Динамо» ҷоизадори чемпионати Латвияро мағлуб кард

Дастаи «Динамо» вохӯрии охиринро дар доираи ҷамъомади Туркия бар зидди клуби “Ауда” – и Латвия, ки соҳиби медали биринҷии чемпионати дар амал буда мебошад, гузаронд.
Сармураббӣ Вадим Абрамов дар вохӯрии дар Белек гузашта якчанд нафар футболбозони нави дастаро аз санҷиш гузаронд. Дар қисмати аввали вохӯрӣ ҳуҷумгар Кожо Жоел ҳисоби бозиро кушод-1:0.
Дар қисмати дуюми бозӣ Анварҷон Ҳоҷимирзоев ҳам ба дарвозаи рақиб тӯб дароварда ҳисобро ба 2:0 расонд. Дар поёни қисмати дуюми вохӯрӣ футболбози рақиб ба дарвозаи “Динамо” тӯб дароварда, ҳисобро 2:1 кард. Бозӣ бо ҳамин ҳисоб ба охир расид. “Динамо” аз Туркия ба Ватан баргашт.