Ovozi.uz

МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ МУДОФИА

Дар шаҳри Самарқанд таҳти шиори “Сипари Ватан” барои дарёфти Ҷоми вазири мудофиа мусобиқаи оммавии ватандӯстонаи давидан баргузор шуд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа ҷонишини фармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ Дилмурод Йӯлдошев, сарвари Садорати варзиши вилоят Шӯҳрат Рӯзиев ва хизматчии ҳарбӣ Шоҳрух Давлатов, ки ба олимпиадаи «Париж- 2024» роҳхат гирифтааст, ба иштирокчиён комёбӣ таманно карданд.
Дар мусобиқа намоянагони мақомот ва хидматчиёни ҳарбӣ дар давидан ба масофаҳои 5, 10, 21 километр қувваи худро санҷиданд.
Дар мусобиқа ба масофаи 5 километр Ҳасан Мирсоатов ҷои якум, Владислав Мамидов ҷои дуввум ва Отабек Эргашев ҷои сеюмро гирифтанд.
Дар мусобиқа ба масофаи 10 километр Отабек Тошқовов, Илҳом Назаров ва Руслан Ҳоҷиев ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Дар давидан ба масофаи 21 километр Шоҳрух Давлатов ҷои аввал, Евгений Фадеев ҷои дуюм ва Нуриддин Раҳматов ҷои сеюмро ба даст оварданд.
Ба ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби ташкилотчиён диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.