Ovozi.uz

Созмони байналмилалии хайрия санҷиши тиббӣ гузаронд

Дар Маркази тиббии бисёрсоҳавии бачагонаи вилояти Самарқанд таҳти ҳамкории Бунёди байналмилалии хайрияи “Соғлом авлод учун” ва Созмони байналмилалии хайрияи “Friedensdorf International”-и Германия санҷиши тиббӣ ташкил гардид.
Дар рафти санҷиш шифокорони олмонӣ ва маҳаллӣ як гурӯҳ кӯдаконро аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах, Навоӣ, ки мушкилоти баъди сӯхтагӣ, инчунин дар ҳаракати такягоҳӣ камбудиҳои шадид доранд, аз муоинаи тиббӣ гузаронданд.
– Мо беш аз 20 сол боз бо ин созмони хайриявии Германия ҳамкорӣ мекунем, – гуфт роҳбари филиали минтақавии Бунёди байналмилалии хайрияи “Соғлом авлод учун” дар вилоят Раҳима Раҳмонова. – Онҳо дар даври гузашта аз минтақаҳои гуногуни мамлакатамон қариб 450 нафар бачагонро , ки асоратҳои сӯхтагӣ ва дар ҳаракати такягоҳӣ камбудиҳои вазнин доранд, ба Германия бурда, амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ва муолиҷаҳои заруриро анҷом доданд.
Имрӯз низ қариб сад кӯдак аз санҷиш гузаронида шуда, 13 кӯдаке, ки ба ҷарроҳӣ ниёзи бештар доранд, интихоб гардиданд.
Чинора Ҷӯрақуловаи шонздаҳсола аз Самарқанд бо бемории синдроми Даун таваллуд шудааст. Модараш гуфт, ки ӯ як сол пеш дар натиҷаи ҳодисаи нохуш 25 дарсад ҷароҳати сӯхтагӣ гирифт. Ҳангоми муоина шифокорон гуфтанд, ки ӯ ба ҷарроҳӣ ниёз надорад ва доруҳои заруриро тавсия карданд. Ба Фаёзҷон Акрамови 5-сола аз Ҷиззах хулоса доданд, ки бояд дар Олмон табобат шавад.
– Се сол пеш дар натиҷаи ҳодисаи нохуш писарам 80 фоиз сӯхта буд, — гуфт модари вай, сокини ноҳияи Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах Нилуфар Ҳакимова. – Дар Тошканд ҷарроҳӣ кардем, миёни ангуштонаш кушода шуд, аммо асоратҳо ҳоло зиёданд. Барои ба ҳолати муқаррарӣ баргаштани рӯй ва баъзе узвҳои бадан табобати зиёд лозим будааст. Имрӯз шифокорон писарамро барои табобат дар Олмон ба рӯйхат гирифтанд.
Дар рафти санҷиш ба 190 кӯдаки гирифтори диабети қанд аз ҷониби Созмони байналмилалии хайрияи “Friedensdorf International” глюкометр тақдим карда шуд. Инчунин, таъкид гардид, ки аз ҷониби созмон барои ҷарроҳии 35 кӯдаки дар дил нуқсдошта маблағи зарурӣ ҷудо карда мешавад.

А.ИСРОИЛОВ