Дар доираи бозиҳои даври дуюми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо дастаҳои “Фейеноорд” ва “Астон Вилла” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Де Куйп”-и шаҳри Роттердам дар ҳузури 42 634 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди тими шаҳри Бирмингем анҷом ёфт.
Голҳоро аз ҳайати “Астон Вилла” Эмилиано Буэндия дар дақиқаи 61-ум ва Ҷон МакГин дар дақиқаи 79-ум ба самар расониданд.
Ин ғалабаи дуюми “Астон Вилла” дар мавсими имсолаи Лигаи Аврупо маҳсуб мешавад. Дар даври аввал шогирдони Унаи Эмери бар тими “Болоня” бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омада буданд. Дастпарварони Робин ван Перси дар даври аввал аз “Брага” бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб гардиданд.
Ҳоло дар ҷадвали умумии мусобиқа “Астон Вилла” бо 6 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Фейеноорд” бидуни имтиёз дар зинаи 35-ум мавқеъ гирифтааст. “Динамо Загреб” бо 6 имтиёз пешсафаи ҷадвали мусобиқа мебошад.
Дар даври сеюми марҳилаи умумии Лигаи Аврупо тими “Астон Вилла” бо “Гоау Эхед Иглс” ва “Фейеноорд” бо “Панатинаикос” рӯзи 23-юми октябр бозӣ мекунанд
