Ovozi.uz

Вазифаҳои минбаъда муқаррар гардиданд

Дирӯз бо иштироки ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бахшида ба масъалаҳои ривоҷдиҳии таълим дар мактабҳо ҷамъомади навбатии Шӯрои вилоятӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад масъалаи ташкилӣ баррасӣ шуда, фармоиши вазири таълими томактабӣ ва мактабиро ҷонишини якуми вазир Усмон Шарифхоҷаев хонда дод. Мувофиқи он Эшонқулов Шаҳзод Эшқувватович ба вазифаи сардори Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят таъин карда шуд.
Дар ҷамъомад корҳое, ки бобати таъмини иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки 5-уми феврали соли равон зимни ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба вазифаҳои афзалиятноки соҳаҳои таълим, тандурустӣ, рақамисозӣ, маданият ва варзиш ба миён гузошта шуданд, муҳокима гардиданд.
Инчунин корҳое, ки оид ба бозомӯзии касбу ҳунар дар мактабҳо амалӣ мегарданд, таҳлил карда шуд. Ба масъулин оид ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳое, ки барои беҳтар намудани иштироки донишомӯзон дар дарсҳо ва давомот масъуланд, супоришҳо дода шуданд.