Ovozi.uz

Дар Ню-Йорк салоҳияти шаҳри Самарқанд муаррифӣ гардид

Таҳти ташаббуси намояндагии доимии Ӯзбекистон дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дар мавзӯи «Роҳ ба Самарқанд: макони баргузории сессияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар соли 2025» брифинг баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сарвари дастгоҳи саркотиб Эрл Куртени Рэттрей, намояндагони ин созмон дар Туркия, Арабистони Саудӣ, Миср, Озарбойҷон, Арманистон, Олмон, Фаронса, Люксембург, Швейтсария, Ҷумҳурии Корея, Қатар, Марокаш, Малайзия, Баҳрайн, Руминия, Сингапур иштирок доштанд.
Дар брифинг ҷонишини ҳокими вилоят Ойбек Ҳамроев ба иштирокдорон дар бораи шароите, ки дар шаҳри Самарқанд барои дар сатҳи хуби ташкилӣ гузаронидани Конфронси генералии ЮНЕСКО фароҳам гардидааст, маълумот дод. Роҷеъ ба имкониятҳои маркази нави бузурги сайёҳии «Роҳи абрешим», ки дар худ иншооти соҳибкорӣ ва сайёҳии фарҳангӣ, тиббӣ ва гастрономиро муттаҳид мекунад, ҳарф зад. Иштирокчиён инчунин бо салоҳияти иқтисодӣ ва сармоягузории Самарқанд шинос шуданд.
Зикр гардид, солҳои охир Самарқанди бостонӣ ва нотакрор ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба як қатор масъалаҳои мубрами рӯз табдил ёфтааст. Дар шаш моҳи охир дар шаҳр се форум таҳти мандати СММ баргузор шуд. Сессияи 25-уми Ассамблеяи Генералии Созмони умумҷаҳонии сайёҳӣ, ҷамъомади 14‑уми конфронси иштирокчиёни Конвенсия оид ба ҳифзи намудҳои кӯчманчии ҳайвоноти ваҳшӣ (CMS COP14) аз ин ҷумлаанд.
Қайд карда шуд, ки аз соли 1985 Самарқанд аввалин шаҳри мизбоне хоҳад шуд, ки дар он Конфронси генералии ЮНЕСКО берун аз қароргоҳи он баргузор мешавад.
Талошҳои ҳукумати Ӯзбекистон барои да сатҳи олӣ гузаронидани ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ, ки мақсадаш гузоштани саҳми арзанда дар таблиғи минбаъдаи арзишҳои аслии созмон мебошад, алоҳида эътироф карда шуд. Доир ба инфрасохтор ва дигар имкониятҳои Самарқанд барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоишҳои байналмилалӣ андешаҳои мусбат баён гардиданд.
Сессияи Самарқанд як рӯйдоди нодир дар таърихи ЮНЕСКО буда, барои гуногунрангӣ ва муколамаи тамаддунҳову фарҳангҳо хидмат мекунад.
– Ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар бораи баргузории 43-умин сессияи Конфронси генералии ЮНЕСКО дар Самарқанд қадами муҳим дар фаъолияти сохтори асосии низоми СММ буд, – гуфт ёрдамчии Дабири кулли СММ оид ба Аврупо, Амрико ва Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча. — Соли гузашта зимни сафари кории худ ба Ӯзбекистон имкони дидани Самарқандро пайдо кардам ва аз симои замонавии шаҳр, ки босуръат тағйир ёфта, зеботар мегардад, хеле шод шудам. Фикр мекунам, ки дар ин ҷо барои баргузории конфронсҳои байналмилалӣ шароити комил фароҳам оварда шудааства ҳамаи иштироккунандагони сессияи навбатии конференсияи генералии ЮНЕСКО аз ташкили чорабинӣ хурсанд хоҳанд шуд.