Наргиза Юнусова 10_уми декабри соли 1994 дар ноҳияи Тайлоқ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек (2016) ва шӯъбаи магистратураи Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон (2023).
Ҳоло дар рӯзномаи «Қӯшчинор»-и ноҳияи Тайлоқ ба ҳайси мухбир кор мекунад ва ҳамзамон дар мавзӯи «Усулҳои визуализатсионӣ дар журналистикаи онлайнӣ» кори илмӣ анҷом медиҳад.
Оиладор, соҳиби ду нафар фарзанд.
Сиёсатмадори бузург Томас Фауэлл Бакстон таъкид мекунад, ки «Таҷрибаҳои зиндагӣ нишон медиҳанд, ки муваффақият бештар бо меҳнат ба даст меояд, на бо истеъдод. Касе, ки бо дилу ҷон ва ҷидду ҷаҳд кор кунад, албатта ғолиб мешавад». Воқеан, дар ҳаёт бисёр касонеро дидан мумкин аст, ки меҳнат карда, роҳат дидаанд ё аз пайи ранҷ ганҷ ба даст овардаанд. Наргиза Юнусова ҳам аз зумраи чунин ҷавонони боистеъдод, бонуҳои фаъолу пешқадам мебошад, ки пайваста барои комёб гардидан, фатҳи қуллаҳои нав ба нав, такмили маҳорату сайқали истеъдод талош мекунад.
Инак, Наргиза Юнусова дар арафаи Рӯзи байналхалқии зан ва духтарон дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи сарфароз гардондан бо мукофоти давлатии ба номи Зулфия» дар қатори духтароне, ки бо истеъдод ва фаъолияти ибратбахши худ барои ҷавонон намунаанд, қобилият ва имкониятҳои худро дар ҷабҳаҳои гуногун амалӣ намуда, дар асоси дониши амиқ ва нерӯи баланди зеҳниашон ғояву ташаббусҳои муҳимро пеш мегузоранд, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолнокӣ нишон медиҳанд, бо ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия сарфароз гардид.
Албатта ин натиҷаи заҳмати фаровони журналисти боистеъдод аст, ки ҳамеша бобати сайқали маҳорат саъю кӯшиш мекунад, дар самти бозомӯзии донишҳои замонавӣ ҷидду ҷаҳд менамояд.
Боиси эътироф аст, ки ин аввалин комёбии Наргиза нест. Аз ин пеш низ ӯ дар бисёр озмуну мусобиқаҳо комёб гардида, дар чорабиниҳои тарғиботӣ ва маънавию маърифатӣ фаъол иштирок кардааст. Аз ҷумла, соли 2020 Наргиза дар зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» ширкат намуда, «Дар бахши матолиби интернет-журналистика дар сомонаҳое, ки ҳамчун ВАО сабти ном шудаанд» ҷойи сеюмро ба даст овардааст. Дар озмуни «Беҳтарин оилаи китобхон», ки соли 2020 таҳти ташаббуси ҳокимияти вилоят гузаронида шуд, бо оилаи худ ҷойи дуюмро соҳиб гардидааст. Ҷоизадори ҷойи аввали зинаи ҷумҳуриявии озмуни «Фаъолтарин бонуи адолатпарвари сол» мебошад.
Соли 2021 дар озмуни байналмилалӣ барои Ҷоизаи миллии XV «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ») дар ду самти рағбатнок кунанда пирӯз ва бо ташаккурномаву тӯҳфаҳо мукофотонида шудааст.
Ҳамзамон, дар озмуни ҷумҳуриявии видеонаворҳои «Карантинро чӣ хел мегузаронед?» ҷойи сеюмро, дар озмуни «Қабати озон ва ман», ки соли 2020 ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон гузаронида шуд, дар номинатсияи «Видеонавори беҳтарин» ҷойи дуюмро, соли 2021 дар озмуни ҷумҳуриявии видеонаворҳои «Интихобот_2021» дар самти «Беҳтарин ролики аниматсионӣ» ҷойи якумро ба даст овардааст.
Инчунин, иштирокдор ва ҷоизадори озмунҳои «Атиргул» (2022), «Зан дар ҷамъият: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» (2022), «Дӯстлик» (2023) ва конфронсҳои гуногуни байналмилалӣ мебошад.
Наргиза Юнусова дилбастаи шеъру адаб буда, соли 2009 аввалин маҷмӯи шеърҳои вай таҳти унвони «Эҳсосоти латиф» («Латиф туйғулар») чоп гардид. Инчунин, маҷмӯаи шеърҳои «Роҳи беистгоҳ» («Бекатсиз йӯл», 2011), китоби бадеӣ-публитсистии «Ҳадя» (2022)-и вай дастраси хонандагон гардидаанд.
Наргиза дар китоби «Ҳадя» таъкид мекунад, ки «Ҳар дақиқа, ҳар як лаҳзае, ки нафас мекашем, ҳадя аст…
Рӯзҳои неку бад, рангину беранги умр заррае аҳамият надоранд — дар олами ҳастӣ умр ба сар бурдан, дар болои хок қадам ниҳодан ҳадя аст!
Вақте танҳо бо худ мемонед, аз худ дилгир нагардида, аз ҳақиқат наметарсед, ин ҳадяи мо барои худ аст.
Ҳаётатонро ҳадяҳо муаззам созанд». Бо як сухан метавон гуфт, ки Наргиза Юнусова аз ҳадяҳои зиндагӣ босамар ва бомаврид истифода мебарад. Ҳоло роҷеъ ба лоиҳаи махсус дар самти ҳуқуқи зану духтарон ва тарғиби масъалаҳои баробарии гендерӣ, инчунин, афзунсозии фаъолнокии иҷтимоиву сиёсии онҳо кор мебарад.
Дар маҳаллаи «Равот»-и ноҳияи Тайлоқ клуби «Бонувони фаъол»-ро ташкил карда, бо мақсади баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии занони маҳалла ва расонидани ёрии равонӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа мунтазам семинару тренингҳо ва чорабиниҳо мегузаронад.
Наргиза Юнусова ният дорад, ки чун пайрави муносиби шоираи маҳбубу маъруф Зулфия дар оянда қуллаҳои нав ба нави илму донишро фатҳ намояд ва ба ҳайси журналисти ботаҷрибаву ҳамқадами замон баҳри рушди Ватан, афзунсозии фарҳанги ҳуқуқии бонувон ва мустаҳкамтар кардани мавқеи онҳо дар ҷомеа саҳм гузорад.
ҲАР ЯК НАФАС ҲАДЯ АСТ…
