Ovozi.uz

Мушкилоти соҳаи фармасевтӣ таҳлил гардид

Дар қарори Президенти мамлакат “Дар бораи чораҳои иловагии минбаъд ривоҷ додани соҳаи фармасевтӣ ва суръат бахшидани татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ” аз рӯйи азхудкунии маҳсулоте, ки дар соҳаи фармасевтӣ талаб зиёд аст, дастгирии маблағгузории лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ, ҷалби бевоситаи сармояҳои хориҷӣ ба соҳа, афзунсозии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи босифат, босамар ва арзони фармасевтӣ, татбиқи амалиёт ва стандартҳои эътирофшдуа дар корхонаҳои маҳаллӣ чораҳои амиқ муқаррар карда шудааст.
Дар ҳокимияти вилоят аз рӯйи баррасии корҳое, ки бобати таъмини иҷрои қарори мазкур иҷро мегарданд, ҷамъомад гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад, ки бо ширкати масъулон, намояндагони идораҳои рабтдошта, роҳбарони корхонаҳои фармасевтӣ доир гардид, камбудиҳои соҳа, фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва мушкилоте, ки дар ин самт ба чашм мерасанд, таҳлил карда шуд.
– 16,2 дарсади маҳсулоти воридотии вилоятро маводи фармасевтӣ ташкил мекунад, — гуфт ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов. – Аз ин рақам дарк намудан душвор нест, ки роҳандозии истеҳсоли маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ дар вилоят то чӣ андоза муҳим аст. Бинобар ин, дастгирии ташаббусҳои корхонаҳои мавҷуди вилоят ва лоиҳаҳои пухтаи соҳибкоронро дар самти истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳокими вилоят ба ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи дастгирии корхонаҳои амалкунандаи соҳа, таҳияи лоиҳаҳои нави фармасевтӣ бо ҷалби инвесторҳои хориҷӣ дастур дод.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар вилоят қариб 20 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ фаъолят доранд. Дар онҳо беш аз 200 намуди маҳсулот ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда мешаванд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят.