Ovozi.uz

«Афросиёб» оинаи таърихи шаҳри мост

Осорхонаи «Афросиёб», ки таърихи куҳан ва маданияти ғании моро акс мекунад, ба сифати оинаи таърихи шаҳри Самарқанд аҳамияти хоса дорад. Ин маскан баъд аз корҳои барқарорсозӣ, ки бо иштироки мутахассисони кореягӣ амалӣ гардиданд, қиёфаи тоза пайдо намуд.
Дар саммити онлайнии Президентҳои Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Корея, ки 28‑уми январи соли 2021 доир гашт, ба масъалаҳои васеъ намудани алоқаҳо дар соҳаҳои иҷтимоӣ-­иқтисодӣ ва фарҳангии ин ду давлат эътибори алоҳида нигаронида шуда буд. Дар ҳамин асос, миёни Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея ва Агентии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба тадқиқ ва ҳифзи мероси мадании Роҳи абрешим меморандум имзо гардид. Дар доираи лоиҳае, ки дар асоси санади зайл амалӣ шуд, барои барқарорсозии осорхонаи «Афросиёб» 290 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ карданд.
Дар маросими мутантани кушодашавии қиёфаи нави осорхона ҷонишини аввали директори Агентии мероси фарҳангии Ӯзбекистон Турсуналӣ Қӯзиев, ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, аъзои Сенати Олий Маҷлис Фармон Тошев, сарвари Садорати истифодаи Мероси фарҳангии Маъмурияти мероси фарҳангии Корея Че Су Хе ва дигарон иштирок намуда, оид ба таърихи алоқаҳои ҳамкории Ӯзбекистону Корея ва нақшаҳои минбаъда ҳарф заданд.
— Ҳамкориҳои мо аз ҷониби аҷдодонамон 1400 сол пеш оғоз гардидааст ва ба туфайли саъю кӯшишҳои имрӯзаи наслҳои ояндаамон пас аз ҳазор сол ҳам дар ин бора бо ифтихор ёд мекунанд, — гуфт сарконсули сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ӯзбекистон Кук Ҷанг Хюн. — Аз ин рӯ, мо тарафдори онем, ки дар ҳама соҳа ҳамкориҳоро ба роҳ монем. Ҳамкориҳои самаранок оид ба омӯзиш ва тадқиқи таърихи Самарқанд идома хоҳанд ёфт.
Намоишгоҳҳои толорҳои осорхона ҳам дар асоси равиши хос ба бахшҳо тақсим карда шудаанд. Бино ба он, бахши 1 — таърихи кофтуковҳои бостоншиносӣ, ки дар охирҳои асри ХIХ ва аввалҳои асри ХХI дар Самарқанди бостонӣ пеш бурда шудаанд, бахши 2 — Самарқанд дар қарнҳои VII–IV-и пеш аз милод, бахши 3 — Самарқанд дар даврҳои элленизм ва юнонӣ-­бохтарӣ (асрҳои III–II-и пеш аз милод), бахши 4 — Алоқаҳои фарҳангии шаҳр ва кӯчманчиҳои қадимӣ (асри II ва миёнаҳои асри V), бахши 5 — Даври тиллоии Суғдиёна (асрҳои VI–VII) номгузорӣ гардидаанд.
— Навгониҳои осорхона ба рушди сайёҳӣ хидмат мекунад, — гуфт директори осорхона Самариддин Мустафоқулов. — Самарқанд ҳар қадар диққати аҳли ҷаҳонро ба худ ҷалб карда бошад, осорхонаи мо ҳам яке аз ҷойҳои қобили диққати он гардидааст. Албатта, ҳар сайёҳе, ки ба Самарқанд меояд, бо таърихи он ошно шудан мехоҳад. Дар осорхонаи мо мавқеи бузурги таърихии шаҳр, алоқаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ-­иқтисодӣ ва сиёсии он бо халқҳои ҳамсоя дар асоси равишҳои замонавӣ нишон дода шудаанд.
Дар Донишкадаи археологии Самарқанд ҳам маросими кушодашавии «Маркази идораи мероси археологӣ ва барқарорсозиву ҳифзи илмии бозёфтҳо», ки дар доираи лоиҳаи ODA (кӯмаки рушди расмӣ)-и ҳамкории Ӯзбекистону Корея пеш бурда мешавад, баргузор шуд.
Рӯзи 13‑уми марти соли ҷорӣ ҳайате бо сарварии сарконсули сафоратхонаи Ҷумҳурии Корея дар Ӯзбекистон Кук Ҷанг Хюн, директори Садорати истифодаи мероси фарҳангии Корея хонум Чае Су Хи, роҳбари гурӯҳи ҳамкории байналхалқии Хазинаи мероси фарҳангии Корея На Ҷеонгҳее ва як гурӯҳ вакилони Хазинаи мероси фарҳангии Корея ба Донишкадаи археологии Самарқанд ташриф оварданд. Зимни ҳамин ташриф, маросими кушодашавии маркази мазкур, ки бо мақсади рушди базаи техникии моддии донишкада ва таъмини таҷҳизоти муосири хонаҳои лаборатория бунёд гардидааст, гузаронида шуд.
Дар он роҳбарияти донишкада ва ҳамкорони кореягӣ дар хусуси кушодашавӣ ва истиқболҳои ояндаи марказ ба иштирокдорон маълумот доданд.