Ovozi.uz

СЕССИЯИ НАВБАТИИ ШӮРОИ НАМОЯНДАГОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ 28-УМИ МАРТ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Дар ин бора дар қарори ҳокими вилоят аз 18-уми марти соли 2024 «Дар бораи даъвати сессияи наваду ҳафтуми шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум » зикр гардидааст.

Мувофиқи қарор сессияи наваду ҳафтуми Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд, даъвати шашум 28-уми марти соли 2024 даъват карда шуда, ба рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин дохил гардидаанд:
— ҳисоботи сарвари Садорати корҳои дохилии вилоят – роҳбари сектори сеюм Р.Маматов аз рӯйи таъмини иҷрои қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10-уми декабри соли 2021 «Дар бораи чораҳои иловагӣ доир ба пурзӯр кардани назорати иҷрои Барномаи ривоҷдиҳии инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва барномаҳои дигари давлатӣ»;
— ҳисоботи сарвари Садорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии қилими вилоят К.Шерматов оид ба корҳое, ки доир ба иҷрои Стратегияи “Ӯзбекистон-2030” амалӣ мегарданд;
— ҳисоботи сарвари Сарсадорати роҳҳои автомобилии вилоят оид ба таъмини иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12-уми июли соли 2022 “Дар бораи тасдиқи барномаи умумимиллии “Роҳи бехатар ва равон”, ки барои татбиқ дар солҳои 2022-2026 пешбинӣ шудааст” дар вилоят;
— дар бораи баррасии маводи тақдимотӣ роҷеъ ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоатӣ ва рухсатдиҳӣ барои бо амлокдорон гузарондани мулоқоти кушода;
— дар бораи аз тарафи Шӯрои намояндагони халқи вилоят тасдиқ кардани тартиби шунидани ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят;
— дар бораи тасдиқи сарнақшаҳои маҳаллаи Нисботи ноҳияи Ургут, маҳаллаи Ҷумабойи ноҳияи Каттақӯрғон, маҳаллаи Чорлоқи ноҳияи Қӯшработ, маҳаллаи Кӯтармаи ноҳияи Иштихон, маҳаллаи Янгиқӯрғони ноҳияи Оқдарё, маҳаллаи Ҷумабозори ноҳияи Тайлоқ, маҳаллаи Ҳунарманди ноҳияи Пахтачӣ ва схемаи аз ҷиҳати шаҳрсозӣ ривоҷдиҳии маҳаллаҳои шафати онҳо;
— дар бораи баррасии тақдимоти прокуратураи вилоят аз 16-уми феврали соли 2023 таҳти рақами 15/24-527.