Ovozi.uz

РАВҒАНИ ЗАРД ИММУНИТЕТРО МУСТАҲКАМ МЕКУНАД

Равғани зард ё равғани ҳайвонот навъи равғане мебошад, ки онро аз таркиби равғани шири гов, гӯсфанд ва буз пас аз гарму гудохта кардан ба даст меоранд. Муҳимтарин хусусияти равғани зард он аст, ки он масунияти баданро мустаҳкам намуда, эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад. Ҳамзамон он давои хуб барои рафъи сӯхтагӣ, доғ ва илтиҳоби пӯст мебошад.
Ҳангоми коркард ҳама моддаҳои зараровар дар равған ҳал мешаванд ва танҳо моддаҳои фоиданок боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи мутахассисон, равған дорои витаминҳои В, инчунин A, E, D, PP мебошад. Ин маҳсулотро ба шир андохта, нӯшидан хуб аст. Ин нӯшокӣ роҳҳои нафасро мулоим намуда, барои рафъи сулфа кумак менамояд.
Равғани зард аз ҷиҳати хусусияти давоӣ аз маска қавитар мебошад. Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, варамҳоро хуб ва гиреҳҳои баданро мекушояд.
Ба гуфтаи мутахассисон, миқдори як бор хӯрдан аз равғани зард дар як рӯз то 50 грамм аст. Қуввати поксозандагӣ ва таҳлилдиҳандагӣ дар равғани зарди кӯҳна назар ба равғани нави он зиёдтар аст. Таъсираш барои баданҳои миёнаҳол назар ба баданҳои қавӣ зиёдтар мебошад. Он барои варамҳои баногӯш фоида дорад.
Агар ин равғанро ҳафт шаб пай дар пай ба рухсора молида бихобанд, пӯсти рӯйро пок, неку ва соф мегардонад, инчунин маскаро ҳам бо чунин усул бимоланд, ҳамин гуна фоида дорад.
Равғани зарди аз шири гов омодашуда дорои тамоми маводи ғизоии зарурӣ буда, инчунин хосияти зиддивирусӣ, антиоксидантӣ, зиддибуҳронӣ ва зиддибактериявӣ дорад.

Мутахассисони соҳаи тиб иброз медоранд, ки агар онҳое, ки бо холестерини зиёд дар бадан мушкилӣ доранд, бояд донанд, ки равғани зард нисбат ба маска намунаи солимтар маҳсуб мешавад. Зеро дар равғани зард нисбат ба маска равғаннокӣ камтар аст, ба ин хотир он дар бадан хубтар ҳазм мешавад.

Ш.САДРИДДИН