Ovozi.uz

СҲТҶ бо сабаби паҳншавии Ковид-19 ба пӯшидани ниқоб даъват намудааст

Созмони ҳифзи тандуруситии ҷаҳонӣ барои пешгирии сирояти Ковид-19 баргаштан ба пӯшидани ниқоб ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоиро маслиҳат медиҳад. Санаи 5 январи соли 2024 сардиректори СҲТҶ Тедрос Адҳаном дар саҳифаи Twitter-и худ дар ин бора навиштааст. «Ковид-19, грипп ва дигар бемориҳои роҳи нафас дар бисёр кишварҳо якчанд ҳафта боз афзуда ва давом кардани он дар назар аст. Аз назорати тест гузаред, агар зарур бошад ёрӣ пурсед, чунки сирояти Ковид-19 вазнин ва марговар аст. Барои таъсири онро кам кардан бояд ниқоб пӯшид, хонаро тез-тез шамол дод ва масофаро нигоҳ дошт. Худ ва наздиконатонро аз сирояти Ковид-19 ва грипп эм кунед» -гӯён тавсия додааст ӯ.