Ovozi.uz

Бо ту, Наврӯз, ҷаҳон аз нур мунаввар гардад!

Боғи маданият ва истироҳатии ба номи Алишери Навоии шаҳри Самарақанд ба таври шинохтанашаванда дигаргун шуда буд. Аз кадом тарафи боғ ба он ворид нашавед, бӯйи хуши хӯришҳои наврӯзӣ ба машом зада, савту сурудҳои дилнишин ба гӯш мерасиданд. Иштирокчиёни ҷашн дар ҳар ҷо гирд омада, зери садои мусиқии фараҳафзо рақсу бозӣ мекарданд.
Дар зери сояи дарахту ниҳолони боғ мусобиқаи шашкаву шоҳмот авҷ мегирифт. Дар рӯйи гилем гӯштигирон ҳунарнамоӣ кунанд, дӯстдорони дигар намудҳои варзиш, аз қабили камонварӣ, гимнаситикаи бадеӣ, сангбардорӣ, муштзанӣ ва ғайра санъату маҳорати худро барои тамошобинони бешумор намоиш медоданд. Дар назди бинои Маркази ҷавонон дорбозон ба баромадҳои худ диққати бинандагонро ҷалб мекарданд.
Дар роҳрави байни гулу сабзазорҳои боғ ташкилотҳои гуногун, муассисаҳои таълими оливу миёна, намояндагони марказҳои миллӣ-­мадании вилоят, маҳаллаҳо, иттиҳодияҳои гуногун бо намоиши дастовардҳои наврӯзии худ ба сайри наврӯзӣ шукӯҳу шаҳомати хосса мебахшиданд.
Дар қатори мактабҳои олии вилоят баъди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ҷойи калоне барои Донишкадаи давлатии педагогии Финландияву Ӯзбекистон пешбинӣ шуда буд.
— Наврӯз иди бошукӯҳи миллии мост, — гуфт ҷонишини декани факултети санъатшиносӣ оиди кор бо ҷавонони ин институт Маҳмуд Ашӯров. — Дар Наврӯз ҳама чиз, тамоми набототу ҷонзодҳои табиат зиндаву нав мешаванд. Бинобар ҳамин, мо ин идро бо орзуву умедҳои нав ва рӯҳбаландии бузург пешвоз мегирем. Дар Наврӯзи имрӯза, ки мувофиқи қарори Президенти мамлакат «Дар бораи омодагӣ ва баргузор намудани ҷашни умумихалқии Наврӯз дар соли 2024» таҳти шиори «Бо ту, Наврӯз, ҷаҳон аз нур мунаввар гардад!» гузаронида мешавад, дастаҳои санъаткорон, доирадастон, дуторчиён, навозандагони асбобҳои мусиқии халқӣ ҳунарнамоӣ карданд. Донишҷӯёни факултети таълими технологӣ ҳам бо асарҳои эҷодиву дастии худ иштирок карданд. Онҳо барои тамошобинон асарҳои наққошӣ ва санъати тасвирии худро ба маърази тамошо гузоштанд. Хулоса, дар ин ҷашн қариб 1000 нафар донишҷӯён ва муаллимону профессорони институт ҳозир шуда, иди Наврӯзро бо рӯҳияи баланд пешвоз гирифтанд.
Дар як гӯшаи боғ тарҳи қиёфаи шаҳри куҳани Самарқанд — Афросиёбу Регистон ба назар мерасид. Дар саҳни онҳо болои курсиҳо нишастани одамон бо либосҳои хуши қадима диққати ҳамаро ҷалб мекард. Ин пешкаши дастовардҳои наврӯзии донишҷӯён ва омӯзгорони факултети иқтисоди Институти давлатии иқтисод ва сервиси Самарқанд буд.
— Мо қарор додем, ки тарҳи шаҳри қадимаро тайёр кунем ва ҳамон вақтҳо чӣ хел либос пӯшидани шоҳу малика ва дарбориёнро намоиш диҳем, — гуфт ҷонишини декани факултети мазкур Амон Содиқов. — Ҳамаи инҳо амали дастони худи донишҷӯён аст. Мо дар ин композитсия ҳатто маросими милли худ — дар гаҳвора нигоҳубин кардани кӯдакро ҳам ба таври аёнӣ нишон додем. Тамоми нозу неъматҳои дастархони идонаи наврӯзиро ҳам худи донишҷӯёнамон тайёр ва ба тамошбинон пешкаш карданд, ки ин боиси хурсандист.
Дар саҳнаи калони боғ мо бо намоишгоҳи шӯъбаҳои ноҳиявии садорати кор бо ҷавонони вилоят шинос шудем. Дар ин ҷо аз тамоми ноҳияҳои вилоят ҷавонон бо дастовардҳои худ иштирок мекарданд. Кору корбарӣ ва шукӯҳи ҷавонӣ дигар аст. Чорабиниҳои зиёде ташкил карда шуданд. Ҳокими вилоят Э. Турдимов баъди тамошои ҳунару намоишгоҳҳои идонаи ҷавонон онҳоро табрик карда, ба корҳои минбаъдаашон муваффақиятҳо хост.
Сарвари садорат Ҳусайн Тӯхтаев ҳангоми сӯҳбат гуфт, ки дар ид чорабиниҳои зиёдеро ба нақша гирифтаанд. Аз ҷумла, дар ин рӯз викторинаи «Заковат»-ро гузаронидаанду барои ғолибон ҳазор адад тӯҳфа тайёр кардаанд.
Ба комёбиҳои имрӯза назар карда, гузаштаро ҳам ба ёд овардан зарар надорад. Шояд ҳаминро ба эътибор гирифта, шӯъбаи таълими мактабӣ ва томактабии ноҳияи Булунғур имсол дар сайри вилоятии Наврӯз асбобу ускунаҳои риштаресӣ аз пахта ва пашм, химчаҳои пахтатиткунӣ, дастгоҳи гилембофӣ асбобу анҷомҳои қадимаи рӯзгорро ҳам бо худ овардаанд. Занҳо бо лисбосҳои миллӣ ҳунарҳои риштаресӣ ва қолинбофиро дар амал нишон доданд.
— Мо қариб 30 нафар омӯзгору хонандагони мактабҳои ноҳия дар ин ид иштирок дорем, — гуфт сармутахассиси шӯъбаи таълими мактабӣ ва томактабии ноҳияи Булунғур Ҳусния Каримова. — Бояд гӯям, ки дар ноҳияи мо 70 мактаб ва 30 боғчаи давлатӣ фаъолият дорад. Барои ҷалби диққати сайёҳон мо асбобу анҷомҳои рӯзгори қадима ва дастгоҳҳои риштаресиву бофандагиро ҳамроҳ овардем ва дар амал нишон додем. Баробари ин, 12 нафар аъзои дастаи фолклории «Чавқи ниҳоллари», ки пайравони бахшичигии Фозил Йӯлдош ба ҳисоб мераванд, дар ин ҷо ҳунарнамоӣ карданд. Бозиҳои миллии бачагонаро ҳам намоиш додем, ки ба бисёриҳо писанд омад ва бо шавқу завқи баланд тамошо карданд.
Агар дар ҳар ҷое, ки одам Самарқанд гӯяд, дар пеши назари дигарон нонҳои Самарқанд ҷилвагар мешаванд. Дар ҷашни наврӯзӣ дар рӯйи ҳар як мизи орододашуда нонҳо ба назар расанд, ки мактаби касбу ҳунари шаҳри Самарқанд гӯё намоишгоҳи нонҳои Самарқандро ташкил карда буданд. Ба гуфтаи омӯзгори фанни махсуси ин мактаб Акмал Рустамов дар намоишгоҳи нонҳо аз тамоми шаҳр ва ноҳияҳои вилоят нонҳои гуногунро ҷамъ овардаанд. Онҳо бештар аз 100 хеланд.
Дидани нон ба одам қувват мебахшаду рӯҳашро болида мегардонад. Охир, Наврӯзи хушпою қадам файзи дастархони мост ва нишонаи боз ҳам зиёд шудани нон аст.

Б.ҶУМЪАЕВ.