Ovozi.uz

Мирзо Улуғбек ва мероси маънавии академияи Самарқанд

Мирзо Улуғбек алломаи бузурги асри XV аст, ки дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносии ҷаҳонӣ тадқиқоти густурда бурда, дар асоси тафаккури тарзи ғайрихаттӣ бозёфтҳо ва ихтирооти илмӣ кардааст, дар рушди соҳаи иҷтимоӣ, илмҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ саҳм гузоштааст.
Баъди вафоти Амир Темур дар қаламрави салтанати Темуриён бетартибии муайяни сиёсию иҷтимоӣ ва вазъияти бесарусомонӣ ба амал меояд. Дар натиҷа, ихтилофҳои дохилӣ зиёд мешаванд. Академик Қорӣ Ниёзӣ ин равандҳоро шарҳ дода, чунин хулоса мекунад: «Аз гуфтаҳои боло хусусияти замони дар арсаи сиёсӣ пайдо шудани Улуғбекро маълум кардан мумкин аст: вақте ки Улуғбек дар сари ҳокимият набуд, ҷангҳои байниҳамдигарӣ тезу тунд, парокандагии сиёсӣ вусъат ёфта, оммаи меҳнаткашон сахт истисмор мешуданд». Ва баъд аз он ки Мирзо Улуғбек дар синни 15-солагӣ ба тахт нишаст, чунин бесарусомонӣ ва бесуботӣ дар ҷомеа хеле коҳиш ёфт. Сабаби асосии ин, бешубҳа далели дониш ва маҳорати ҷамъиятию сиёсӣ доштани ӯ ҳамчун арбоби давлатӣ мебошад. Аммо дар адабиёти зиёд фаъолияти сиёсию иҷтимоӣ ва низоми идораи Улуғбек ба назар гирифта нашудааст. Олим Қорӣ Ниёзӣ бо ин хулоса розӣ нест, ки «Ба илм таваҷҷуҳи зиёд намудани Улуғбек ба фаъолияти давлатиаш таъсири манфӣ расонидааст». Улуғбек, ки дар тӯли чиҳил сол кишвари худро устувору осоишта намуда, ривоҷ додааст, бешубҳа далели арбоби давлатию ҷамъиятӣ ва роҳбари моҳир будани ӯ мебошад. Дар баробари шуғли доимиаш бо илм, дар соҳаҳои дигари ҷомеаи замони худ, аз ҷумла ваҳдати иҷтимоӣ, суботи иқтисодӣ, фарҳангу бунёдкорӣ, меъморӣ, маориф, санъат ва ҳунармандиро инкишоф дод. Тадқиқоти фаъолияти сиёсию ичтимоӣ, низоми идоракунӣ ва услуби хоси Улуғбек ҳамчун роҳбари давлатӣ ба тадқиқоти илмии муҳаққиқон ниёз дорад.
Мирзо Улуғбек-­Муҳаммад Тарағай ҳамчун яке аз донишмандони қомусии мо, ки дар рушди илм дар асрҳои миёна дар Шарқ ва баъдтар дар Ғарб саҳми бузург гузоштааст, дар давраи худ Академияи Самарқандро дар асоси ҳамбастагии фанҳои табиӣ ва иҷтимоӣ-­гуманитарӣ таъсис додааст.
Мо гапро беҳуда аз академия шурӯъ накардаем. Аввалан, моҳияти фалсафӣ-­илмии академияи таъсиснамудаи Мирзо Улуғбекро дарк намуда, дар он унсурҳои тафаккури ғайрихаттӣ кашф ва заминаи илмии мавҷудияти ҳамгироии байнисоҳавӣ пайдо хоҳем кард. Сониян, пояҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, ки олимони ғарбӣ худро поягузор медонанд, на дар Ғарб, балки дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Академияи Улуғбек оғоз шуда ва ин далели илмӣ дар замони шӯравии собиқ ба эътибор гирифта нашудааст.
Мирзо Улуғбек дар бисёре аз адабиётҳо, аз ҷумла дар рисолаи Қорӣ Ниёзӣ ва дигар адабиёти илмӣ ҳамчун олиме, ки Академияи астрономияро таъсис додааст, тавсиф мешавад. Ҳол он ки дар он замон на танҳо дар Самарқанд, балки дар саросари Осиёи Миёна ва Хуросон физика, астрономия, химия, биология, геодезия, ҷуғрофиё, мантиқ, фалсафа, математика, таърих, минералогия, адабиёт ва дигар илмҳои дунявию динӣ инкишоф ёфта буд. Бо саъю кӯшиши аллома соҳаи санъати меъморӣ ва архитектура босуръат тараққӣ кард. Мадрасаи Улуғбек, расадхонаи Улуғбек, ансамбли «Шоҳизинда» дар Самарқанд, мадрасаҳои Улуғбек дар шаҳри Бухоро ва ноҳияи Ғиждувон, масҷиди Улуғбек дар Шаҳрисабз ва дигар намунаҳои нодири санъати меъморӣ маҳсули Шӯрои илмии академия ба шумор мераванд. Аз ин нуқтаи назар, соҳиби тафаккури ғайрихаттӣ ва фракталӣ, болотар аз андешаҳои анъанавӣ будани Мирзо Улуғбек собит мегардад. Аз мактаби илмии асосгузошта ва саҳми ӯ дар илми ҷаҳонӣ инчунин аз бархӯрди синергетикӣ ва таҳлили андешаҳои ӯ метавон хулоса кард, ки Мирзо Улуғбек на танҳо ҳамчун донандаи астраномия, балки чунон ки Волтер эътироф намудааст, шахсест, ки ба академияи Самарқанд ва дар Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда, мадрасаи олия, яъне донишгоҳро асос гузоштааст. Ин ҳақиқати илмӣ бояд дар ҳама фанҳо бо далелҳои илмӣ таъкид карда шавад. Зеро аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки ӯ дар солҳои 1417–1420 бо мақсади таълим гирифтани шогирдони замони худ ва насли оянда дар майдони Регистони имрӯзаи шаҳри Самарқанд сохтани як бинои бузурги мадрасаро фармудааст ва баъд аз ба итмом расидани сохтмони он, дар маросими ифтитоҳ Мавлоно Муҳаммад Хавофӣ сармударрис (ректор) таъин гардидааст. Дар бораи он, ки Мирзо Улуғбек олими қомусӣ, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, соҳиби истеъдоди фавқулодда аст, боз бисёр далелҳои илмию таърихӣ оварда метавонем. Барои он ки аз мавзўъ дур нашавем, мо дар бораи назарҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ ва илмии Мирзо Улуғбек ва принсипҳои синергетикӣ таваққуф мекунем.
Тадқиқотчиёни илмӣ танҳо ҷиҳатҳои астрономии осори илмии Мирзо Улуғбек ва академияи таъсискардаи ӯро таъкид мекунанд. Аммо илми фалсафа, ахлоқ ва мантиқ дар мероси илмии донишманд ва фаъолияти пажўҳишҳои илмии академия мавқеи муҳим дорад. Аз ин рӯ, Академияи Самарқанд на танҳо як пажӯҳишгоҳи астрономия, илмҳои дақиқ, балки фалсафию мантиқӣ низ ба ҳисоб меравад. Тамоми тадқиқот, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва бозёфтҳо дар Академияи Улуғбек дар асоси қонунҳои фанҳои фалсафа ва мантиқ амалӣ мешуданд. Аммо на танҳо дар китобҳои дарсӣ, балки дар бисёр рисолаҳои оиди аллома ҳам дар ин бора маълумоти илмӣ мавҷуд нест. Дар ин хусус олим М. Оллоёров дар мақолаи худ «Асосҳои фалсафӣ-­мантиқии мактаби мунаҷҷимии Мирзо Улуғбек» менависад: «Фалсафа ва мантиқ дар пажўҳишҳои фундаменталие, ки дар соҳаи илмҳои номбурда сурат гирифтанд, ба сифати усули дониш хидмат кардаанд. Бинобар ин, ба рушди ин ду фан таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад ва дар натиҷа, дар назди Академияи Улуғбек мактаби фалсафа ва мантиқ ба вуҷуд меояд. Аммо дар адабиёти илмӣ дар бораи ташаккули ин мактаб, намояндагони он тақрибан андешае вуҷуд надорад ва дар ин хусус корҳои тадқиқотӣ гузаронида нашудаанд. М. Оллоёров ҳамчун далели фикри худ андешаҳои Мирзо Улуғбек оид ба мантиқро нишон додааст: «Агар осори Улуғбек, бахусус «Зичи Кӯрагонӣ» мавриди таҳлил қарор дода шавад, метавон итминон ҳосил намуд, ки онҳо дар асоси методу усулҳои қатъии мантиқӣ навишта шудаанд. Ба унвони далели фикри худ як муҳокимаи (ҳукми) хотимавиро аз ин асари ӯ меорем: «Агар, дар ҳақиқат ба Офтоб рӯ ба рӯ шудани Замин дар нимаи шаб ё рӯз, аниқтараш дар соати 2:20 дақиқа содир шавад ва градуси рӯбарӯшавӣ аз 120 281 кам набошад, гирифтани Офтоб ба амал меояд». Ин хулосаи муҳокима, аввалан, аз рӯйи хулосаи дедуктивӣ-­силлогистӣ, яъне мантиқӣ бароварда шудааст ва дуюм, дар шакли ҳукми шартӣ (импликативӣ) таъриф гардидааст.
Мирзо Улуғбек аз ҷиҳати нигоҳҳои гносеологӣ бо тафовут аз уламо ва мутафаккирони динии замонаш, ба эътиқод дахл накарда, ба ақлу таҷриба такя намудааст. Ба ибораи дигар, ӯ аз усулу тамоюлҳо, аз қабили шинохти фикрӣ, мушоҳида, муқоиса, таҷриба, гузаштан аз ҷузъ ба кул ва баръакс, аз кул ба ҷузъ, аз абстрактӣ ба мушаххас истифода кардааст.
Мутафаккир дар мероси илмии худ аз қолаби идеологии замони худ баромада, кӯшиш кардааст, ки имконияту сатҳи донишҳои бепоёни инсониро собит созад. Вай гарчанде ки муҳити маънавӣ ва идеологии зиндагиашро ба назар гирифта, назарияи геосентриро ошкоро рад намекард, дар рафти мушоҳидаҳои астрономия назарияи гелиосентриро хуб мефаҳмид. Яъне назарияи гелиосентриро айнан Мирзо Улуғбек ва академияи ӯ кашф карданд. Зеро тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Марям Чалабӣ, яке аз намояндагони маъруфи мактаби Улуғбек зимни таҳлили масъалаи ҳаракати сайёраҳо менависад: «Гарчанде ба сифати маркази дунё, қулайтарин нуқта барои асос гирифтани як ҳаракати мураккаб Замин ба ҳисоб намеравад, одатан ҳамин марказ ҳамчун нуқтаи такявӣ қабул карда мешавад». Ин суханон ҷуз як ишораи эҳтиёткорона дар бораи он, ки ҷаҳон дар системаи гелиосентрӣ сохта шудааст, чизи дигаре нест. Инак, асосҳои илмии назарияи гелиосентрӣ дар Академияи Улуғбек дар Самарқанд пеш аз Николай Коперник исбот карда шуда буд. Мутаассифона, ин далелҳои илмиро аксари олимони мо нодида гирифтаанд. Аммо идеяҳои назарияи гелиосентрӣ моҳияти худро дар асоси методологияи синергетикӣ ва тарзи тафаккури ғайрихаттӣ равшантар нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, зарурати таҳқиқи васеътари афкори илмии Мирзо Улуғбек дар бораи математика, геометрия ва астрономия дар асоси равиши синергетикӣ ба миён омадааст.
Муносибати Мирзо Улуғбек ба ҳастӣ, табиат ва инсон беҳамто аст, ӯ Худоро инкор намекунад, балки бештар эътиқод дорад, ки мавҷудоти мутлақ — Аллоҳ вуҷуд дорад ва офарандаи ҳама чиз аст. Ҳама чизҳое, ки Худо офаридааст, қонунҳои мантиқӣ доранд. Ба ақидаи Улуғбек, Худованд олам, инсон ва ҷомеа, ақлу заковат, қувваҳои эҳсосию равониро тасодуфан ва беҳуда наофаридааст. Дар худи ин офариниш сире вуҷуд дорад. Робитаи байниҳамдигарии онҳо, ба муносибатҳои сабабу натиҷа, таъсир расонидан ва таъсиргузор будан аз қадимулайём пешакӣ муқаррар шудааст. Аммо барои шахсони нодон ва калтафаҳм бо пардаҳои шево пӯшида шудаанд. Ақлу хирад, фаҳмиш ва асоси ин гуна фазилатҳо ба ҳар кас тақсим мешавад, аммо эҷоди нерӯи инсонии онҳо аз хоҳишу ниёзҳои ҳар як шахс вобаста аст.
Дигар дастоварди илмии Мирзо Улуғбек ва академияи ӯ асари «Зичи ҷадиди Кӯрагонӣ» мебошад. Агар онро аз нуқтаи назари фалсафӣ-илмӣ таҳлил кунем, мо метавонем асос ва ақидаҳои методологияи синергетикиро, ки имрӯз мавриди омӯзиш карор медиҳем, пеш барем. Мутафаккир бо вуҷуди набудани асбобҳои мукаммали техникӣ асари «Зичи ҷадиди Кӯрагонӣ»-ро дар бораи ҷойгиршавии 1118 ситора бо истифода аз асбоби асосии ченкуни секстант офаридааст. Вай феҳристи махсуси ситораҳоро тартиб додааст. Каталог анҷоми раванди шинохти мураккаб буда, ададҳо ба шакли математикӣ оварда мешаванд, яъне қоидаҳо эҷод мешаванд. Бо таҳлили инҳо фаҳмидан мумкин аст, ки олимони Академияи Улуғбек ва Самарқанд аллакай тарзи тафаккури фракталии ғайрихаттиро доштанд, ки мо ҳозир онро меомӯзем.
Профессорҳо М.Н. Абдуллоева ва З.Р. Қодирова дар мақолаи «Ҷанбаҳои эстетикии мактаби назарияи донишҳои Улуғбек» таъкид мекунанд, ки нерӯи баланди зеҳнии олимони мактаби Улуғбек имкон додааст, ки роҳи ҳалли бисёр масъалаҳои риёзӣ ҳанӯз пеш аз пайдо шудани он дар Аврупо имконпазир будааст. Илм фаъолияти дастаҷамъист, ки бидуни мубодилаи доимии иттилоот байни фанҳо вуҷуд дошта наметавонад. Дар мактаби Улуғбек, пеш аз ҳама, байни омӯзгор ва шогирдон мубодилаи афкор сурат мегирифт, ки ба шарофати он донишҳои илмӣ ривоҷ ёфт. Сониян, дар байни олимони як насл мубодилаи маълумот ба амал омад. Муошират ва мубоҳиса ҳамчун яке аз роҳҳои шинохти имконият барои инкишофи қобилияти эҷодии шахс муҳити илмии зеҳнӣ ташаккул дод. Мисоли равшани ин тадқиқоти илмии намояндаи ин мактаб Алии Қушчӣ мебошад. Муҳим он аст, ки Мирзо Улуғбек аз зумраи шахсоне маҳсуб мешавад, ки усули коллективизм ва поквиҷдониро ба кор бурдааст, ки ҳоло дар илмҳои мушаххас хеле заруранд. Агар корнамоии бузурги олимони асримиёнагии Осиёи Миёна аз асри XII ба мероси тамаддуни ҷаҳонӣ табдил ёбад, дастовардҳои бузурги намояндагони мактаби Улуғбек низ ба чунин дараҷа расидаанд. Навовариҳои аҷиби Ал-­Кошӣ дар касрҳои даҳӣ ва истифодаи амалии онҳо дар ҳисоб ба Аврупо нарасид. Дар охири асри XVI он аз нав ихтироъ шуд ва ҳоло усули решаи Руффини-­Горнер истифода мешавад. Истилоҳҳои «мусбат ва манфӣ» дар ҳама гуна қонуни экспонентатсияи табиӣ, ки ба мо ҳамчун биноми Нютон маълум аст, низ бо номи ӯ алоқаманд аст. Моҳияти фалсафии ин гуна кашфиётҳои илмӣ дар он аст, ки Мирзо Улуғбек ва намояндагони мактаби ӯ тафаккури ғайрихаттиро ба вуҷуд овардаанд, ки дар натиҷаи он бисёр масъалаҳо ва муаммоҳои илмӣ ҳал карда шуданд.
Тибқи асари Алишер Навоӣ «Маҷолис ун — нафоис» Улуғбек ба шеър низ майл дошт. Байти зеринро ӯ гуфтааст:
Ҳарчанд мулки ҳусн ба зери нигини туст,
Шўхи макун, ки чашми бадон дар камини туст!
Дар ин байт, ки чун мисраъҳои одӣ ба назар мерасанд, ба маънои муайян моҳияти фалсафӣ таҷассум ёфтааст. Яъне, новобаста аз он ки шумо чӣ қадар ҳуқуқи моликият доред, фаромӯш накунед, ки имкони мубодилаи он вуҷуд дорад, аз ин рӯ шумо бояд ҳамеша ҳушёр бошед, эҳтиёт ва зиракиро фаромӯш накунед. Дар акси ҳол, душманони шумо дар дохили шумо метавонанд амволи гаронбаҳои шуморо нобуд созанд. Яъне, Улуғбек ба ин маънӣ фикр мекунад, ки чизе, ки дар зоҳир орому осуда ва боэътимод ба назар мерасад метавонад нооромӣ, ноустуворӣ ва нобовариро пинҳон кунад. Ин маънои онро дорад, ки равандҳои дохилии бифуркатсия ҳамеша дар ҳама гуна система мавҷуданд.
Тавре дар боло зикр кардем, Мирзо Улуғбек донишманди қомусӣ буда, дар баробари илмҳои табиатшиносӣ ва бо донишҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқӣ машғул буд ва академияи таъсискардаи ӯ ҳамчун омили муҳими рушди илм на танҳо дар Шарқ, балки иқтидор ва нуфузаш дар Ғарб низ ҳамчун омили муҳим хизмат кардааст.

Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа.