Ovozi.uz

ДУРАХШИ МАЪНО ВА РОЗҲОИ РӮЗГОР ДАР ОИНАИ ШЕЪР

Нормурод Каримзода дар ҳавзаи адабии Самарқанд ҳамчун шоири зуллисонайни сермаҳсул, ҳозирҷавоб ва ҳамеша фаъолу пуркор эътибор дорад.
Дар тӯли сӣ соли охир инкишофи тадриҷии ҳаёти адабӣ дар Ӯзбекистон, тавонманд гардидани ҳавзаҳои адабии мавҷуда дар минтақаҳои гуногуни кишвар, мутамарказ шудани баъзе ҳавзаҳои пароканда ва фаъол гаштани нерӯҳои эҷодӣ ба рушди расонаҳои иттилоотӣ ва нашриёт, кори маҳфилҳои адабӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои ташаккули муҳити солими адабӣ ва фарҳангӣ хидмат кардааст. Дар ин муддат ба забони тоҷикӣ беш аз ҳазор китоби илмию адабӣ нашр шуданд. Чунончи, шоироне ба монанди Асад Гулзодаи Бухороӣ, Ҳадяи Бухороӣ, Холбой Ҷалили Нотиқ, Паймон, Худойназари Оқсоӣ, Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, Асадулло Исмоилзода тавонистанд маҷмӯаҳои сершумори ашъор, куллиёт, девон ва даҳҳо асарҳои дигари худро нашр кунанд. Дар ин қатор номи Каримзодаро ҳам метавон ном бурд, чун ӯ низ дар радифи шоирони сермаҳсул китобҳои сершумореро, аз қабили «Меҳрнома», «Авроқи дил», «Насими фараҳбахш», «Меҳр кӯзда», «Равзаи роз», «Чаманистони андеша», «Кӯнгил саодати», «Дурахши маъно», «Шукронаи Истиқлол», «Субҳ ба хайр», «Ошиқи зиндагӣ», «Гулбоғи сухан», «Ба чашми дил, ё худ насабномаи назмии Орифон» ва достонҳояш «Оби Раҳмат», «Восифӣ дар Самарқанд», «Хоҷа Кафшер», «Қобил ва Ҳобил», «Розҳои рӯзгор»-ро ба нашр омода кардааст. Аз ин номгӯи китобҳои шоир чунин бармеояд, ки Каримзода дар ҳавзаи адабии Самарқанд ҳамчун шоири зуллисонайни сермаҳсул, ҳозирҷавоб ва ҳамеша фаъолу пуркор эътибор дорад.
Дар шеърҳои ин шоир мавзуъҳои мухталифи зиндагӣ ба шакли манзум даромада, дар онҳо васф, ташбеҳ, муболиға аз санъатҳои пуркорбурд аст. Воқеан, дар адабиётшиносии тоҷикии Ӯзбекистон вижагиҳои ашъори Каримзода кайҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, бархе аз мақолаҳои дар ин мавзуъ навишташуда дар китоби «Ошиқи зиндагӣ» ҷамъоварӣ гардидаанд. Дар як ҷустори худ шоир ва адабиётшинос Ҷаъфар Муҳаммад дар бораи хусусиятҳои асосии ашъори ин шоир чунин ибрози ақида намудааст: «Нормурод Каримзода … содда ва самимона шеър мегӯяд. Он чӣ дилаш мехоҳад, ҳамонро дар қолаби шеър арза медорад. Аз ин рӯ, ашъораш вирди забонҳост: ҳама ба осонӣ азбар мекунанд ва дар суру ҷашнҳо мехонанд». Бар ин гуфтаҳо метавон чунин афзуд, ки суханҳои Каримзода муғлақ ва мушкил нестанд, балки ӯ ба сабки ба мардум фаҳмо менависад ва касби рӯзноманигорияш ҳам аз ӯ тақозо мекунад, ки воқеъгаро, равшанбаён, ҳозирҷавоб ба муаммоҳои доғи рӯз ва даъвати замон, шоири имрӯз бошад ва розҳои рӯзгорро гоҳе ошиқона, гаҳе ҳакимона ба мардум баён кунад.
Оғози даҳаи шастуми садаи ХХ сари як марҳилаи тозае дар адабиёт буд, ки риштаҳои аз ҳам гусастаи адабиёти форсизабонро ба ҳам пайваста, се шохаи форсиро ба ҳам наздик овардааст. Аз ин роҳ дар назм ҳам тозапардозиҳо ба расмият даромадааст. Дар Ӯзбекистон чунин тамоюлҳои нав дертар, тахминан аз охири солҳои 80‑ум ва ибтидои солҳои 90‑ум падидор гаштаанд. Сармашқи кори эҷодии аксари шоирони тоҷики ӯзбекистонӣ, аз қабили Ҷонибек Қувноқ, Салим Кенҷа, Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, Равшани Эҳсон, Холбой Ҷалил, Исмат Ҳалим, Акбар Пирӯзӣ, Абдуллоҳ Раҳмон, Нормурод Каримзода ва чанде дигар бо илҳом ва пайравӣ ба мазмуну мундариҷаи ашъори устодоне чун Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева ва чанд тани дигар, бахусус, дар мазмун ва муҳтавои тоза, дар шакли озоди шеъри тоҷик, қарор гирифтааст. Инро ҳамоҳангии ин шоирон дар шакл ва мазмуни шеъри модернистон, инчунин ҷавобияву татаббуъ ва мухаммасҳои тазмин гуфтани шоирони пайрав бар ғазалҳои шоирони пешгом собит мекунад. Чунончи, мисолеро аз ин илҳому пайравӣ дар намунаи шеъри Каримзода метавон нишон дод. Дар китоби «Дурахши маъно»-и шоир татаббуе ба шеъри устод Лоиқ Шералӣ бо унвони «Ман намемирам» оварда шудааст. Шӯридагиҳо дар шеъри Лоиқ Шералӣ баланд аст ва Каримзода ба ин банд аз он татаббуъ намудааст:

То даме, ки офтоб аз Шарқ бинмояд тулуъ,
То даме, ки рӯдҳо аз кӯҳсор ояд фурӯ,
То даме, ки зиндагӣ бошад ба роҳи орзӯ,
То даме, ки шеъри Ҳофиз бошаду ҷому сабӯ,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд.

Шеъри ҷавобия бо ин банд оғоз мегардад:

То даме, ки ишқ дорад ошён дар синаҳо,
То даме, ки шеър дорад ҳурмате дар хонаҳо,
То даме, ки дил намехӯрад ғами бегонаҳо,
То даме, ки тифл дорад ишқ бар афсонаҳо,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд.

Дар банди шашуми шеър шиддат ва шавқу шӯр андаке кам шуда, ҷои онро оҳанги ҳакимона гирифтааст. Ба ҳар ҳол, Каримзода дар ин шакл шеъри пухтае офарида, дар он ғояҳои пурмазмуну олиро талқин кардааст.
Маҷмуаи «Дурахши маъно» шеърҳои дилнишини шоирро дар анвои гуногуни жанрӣ фаро гирифтааст ва бештарини онҳо ғазал (53 адад), рубоӣ (115 адад) ва дубайтӣ (44) ҳастанд. Ин чакомасаро дар гуфтани шеър ба ҳар қолаб таҷриба ва дасти тавоно дорад. Ба достонсароӣ майл намудани шоир ҳам як нишони ҳиммати ӯст, зеро имрӯз дар байни шоирони тоҷики Ӯзекистон кам касоне ба навиштани достон даст задаанд.
Достон имрӯз ҳам барои гуфтани муаммоҳои доғи рӯз ба баъзе шоирони мо кумак намудааст, чунончи Нормурод Каримзода дар мавзӯи ифлосшавӣ ва хушк шудани обҳои Самарқанд, бахусус, ҷӯи машҳури Оби Раҳмат достоне эҷод намуда, бонги изтироб баланд кард. Муҳаққиқон дар нақди худашон бештар ба аҳамияти баланди ғоявӣ доштани достон ишорат намудаанд. Каримзода ба навиштани достонҳои ахлоқӣ идома дода, дар ҳашт фасл маҷмyаи наверо аз достонҳо бо унвони «Розҳои рӯзгор» ба нашр омода кард, ки дар онҳо асосан мавзуи мустаҳкам нигаҳ доштани риштаҳои хонаводагӣ ва суханҳои панду ахлоқӣ баён гаштаанд. Қаҳрамонҳои достон ҳамватанони имрӯзаи мо буда, ҳаёт ва меҳнати пуршарафи онҳо тараннум шудааст. Ин достонҳо характери адабию публитсистӣ доранд. Илова бар ин, дар таркиби онҳо аз зумраи шоирони классик ва муосир байтҳое иқтибос оварда шудааст, ки ба муҳтавои умумии достонҳо ҳамоҳангӣ доранд ва ё қисман мазмунеро дар онҳо қавӣ мегардонанд. Хусусан, дар достони ҳакимонаи «Равзаи хаёл», ки бо илҳом аз асари «Гулшани роз»-и Шайх Маҳмуди Шабустарӣ таҳия шудааст, чунин абёти иқтибосӣ зиёданд. Дар забони ин достон тамоюли классикӣ мушоҳида мешавад. Дар он шоир аз шеваҳои суннатии сабк истифода карда, дар бораи мақоми калом, аҳамияти дониш, тарбияи ақлу хирад, хислати нек ва сифатҳои дигар сухан меронад ва мегӯяд, ки ҳадафаш аз навиштан намоиш додани ҳунари хеш (мисли ғаввосе, ки бо хаёли гавҳар ба даст овардан шино мекунад), рӯи варақ овардани дидаҳояш аз ҷаҳон аст. Пас, шоир жанри достонро, ки аз назари ҳаҷм ва муҳтаво бузургтару фарогиртар аст, маҳаки санҷиши ҳунари шоирӣ меҳисобад:

Kи мақсуд аз сухан доди ҳунар буд,
Чу ғаввосе, ки дар фикри гуҳар буд.
Назар кардам ба ину они дунё,
Ки то созам бар авроқе ҳувайдо.

Дар ин достонҳои Нормурод Каримзода тамоюли канорагирӣ аз достони анъанавӣ мушоҳида мешавад. Достонҳои маҷмуаи «Розҳои рӯзгор» аз ҷиҳати сохтори дохилиашон одатан якдигарро такрор намекунанд, онҳо аз ҷиҳати устухонбандӣ аз ҳам мутафовит ва дар ҳисоби асарҳои алоҳида мебошанд. Ҳатто, баъзе фаслҳои таркибӣ бо авзони гуногун навишта шудаанд. Масалан, дар достони «Ҳурмузд ва Аҳриман». Хусусияти ҷолиби достонҳо ин аст, ки дар онҳо «дар ҳар қадам» як байте аз як намояндаи классик ё муосири адабиёти форс‑тоҷик тазмин мешавад. Умумияти ин достонҳои шаклан мутафовит дар масоили замона гуфта шудан, мавзуи ахлоқ ва талқини ғояҳои ватанпарварӣ аст, ки онҳоро ба ҳам наздик месозад. Аммо инро наметавон таҳаввули софи жанрӣ номид, зеро танҳо бо ин ҳол жанри достон дучори таҳаввулот намегардад. Инҳо кӯшишҳое дар сохтмони шеър ҳастанд.
Китоби аз ин шоир дар ҳамин авохир нашршуда, ки бо унвони «Бо чашми дил ё худ насабномаи назмии Орифон» зикр гардид, ба қавли худи муаллиф «ба хотири бузургдошти 145‑солагии зодрӯзи мударрис ва шоири маърифатпарвар Ориф Гулхании Самарқандӣ бахшида шудааст». Он дар кулл аз баёни гуфтаҳои муассир ва арзишманд, фазилату одамият, суннатҳои неки хонаводагии Гулханиҳо, илҳом ва таъсирпазирӣ ва арзи эҳтироми муаллифи китоб ба ду шоир, ки дар шакли манзум баён гардидааст, инчунин аз ҷавобияҳо ба ашъори онҳо ва тарҷумаи осори онҳо ба тоҷикӣ ва дигар шеърҳои гуногунмавзуъ иборат аст. Гузашта аз инҳо, мураттиб ҳар чизе, ки бо мавзуи аслӣ робитае дорад, ба он ворид намудааст.
Он чи дар ин китоб ҷолиб метобад, фасли «Дар васфи хешу табор» аст. Фасли мазкур бо он ки дар вай шеърҳои алоҳидаи бахшида ба хешовандон: оила, модар, модарарӯс, хола, амма, бонувон, арӯс, хоҳарарӯс, доя, модарандар, тағо, додар-­бародар, додарарӯс, падарарӯс, амак, поччо, домод, боҷа, ҷиян, абера, чабера, авсун, ҳамсоя оварда шудааст, вижагии забонӣ-­этнографӣ ҳам дорад. Муаллиф таъкид намудааст, ки шеърҳо бо дархости Муқимҷон Орифӣ, ба расми эҳтиром ба хешу ақрабо, навишта шудаанд. Аммо бо ин ҳол, аз дидгоҳи нақди адабӣ, интишор ёфтани шеърҳои навъи бахшида ба ин хотир, ки аз ниёзҳои шахсии шоир барнаомада ва ё бо супориш гуфта мешаванд, наметавонанд ба шеъри матбуъ табдил ёбанд, яъне мумкин аст дар онҳо сохтагӣ падидор гардад. Аммо дар ҳоли аз дили шоир ҷӯшидани бахшидаҳо ва ҳунармандона адо шудани онҳо мумкин аст шеърҳои мондагоре ҳам ба вуҷуд оянд. Шеъри «Набера»-и Каримзода ҳам писанди хонандагон омадааст магар, ки акнун онро ҳофизон ҳам бо оҳанг мехонанд. Ҳамин тариқ, якчанд шеъри шоир аз ҷониби ҳунармандони риштаи мусиқӣ оҳанг баста шудааст.
Муруре даргузар ва кӯтоҳ бар ашъори Нормурод Каримзода ин нуктаро собит месозад, ки ӯ шоире касбӣ мебошад. Каримзода чакомасарое боиқтидори маъниофар, шоири талошгари сермаҳсул аст ва аз ин ҷост, ки миёни хонандагон маъруфу маҳбуб гардидааст ва ҷойгоҳи шоистае дар шеъри Ӯзбекистон дорад.

Дилшода ҲАЗРАТҚУЛИЁН,
дотсенти донишгоҳи давлатии Самарқанд