Ovozi.uz

Дар Чин поезди бо водород ҳаракаткунанда аз санҷиш бомуваффақият гузашт

Кишвари Чин аввалин поезди маҳаллии бо водород ҳаракаткунандаро аз санҷиш гузаронд. Ин имтиҳони санҷишии таърихӣ дар провинсияи Ҷилини шаҳри Чанчун шуда гузашт. Поезди истеҳсоли компанияи «CRRC Changchun Raiwai Vehicles» бо вазни пурра дар як соат ба суръати 160 километр ҳаракат мекунад . «Санҷиши бомуваффақияти технологияи энергияи водород, дар нақлиёти роҳи оҳан дастовардҳои калон гардид» — мегӯянд, истеҳсолгарон. Натиҷаҳои санҷишӣ нишон дод, ки сарфи энергия дар ҳар километр ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 5 киловатт соатро ташкил медиҳад.