Котиби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алӣ Лориҷонӣ таъкид намуд, ки қарорҳои нодурусти президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба манфиатҳои Исроил хизмат мекунанд.
Ба гуфтаи Лориҷонӣ, Доналд Трамп бо даъвоҳои хаёлии худ боиси афзоиши бесуботӣ дар минтақа гардидааст.
— Дар ҳоле ки Трамп аз эҳтимоли талафоти шаҳрвандони амрикоӣ изҳори нигаронӣ мекунад, дар амал низомиёни амрикоиро дар роҳи талошҳои қудратталабонаи Исроил қурбон мекунад, — гуфтааст Лориҷонӣ.
