«Алиментсупоранда даромад надоштааст…», «Бюрои иҷрои ҳатмӣ аз сабаби он, ки дар номи худ надоштани ҳеҷ гуна мулк, падар алиментро ситонида натавонистааст…». Ин гуна суханҳои оиди алимент тез-тез ба гӯшрас, дар кас фикреро бедор мекунанд, ки наход дар қонунгузорӣ чораи ситонидани алимент ба фарзандони ноболиғ вуҷуд надошта бошад.
Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳалли қонунии ин гуна ҳолатҳо нишон дода шудааст.
Бино ба моддаи 123 и кодекс, маҷбурияти таъминоти бачаҳое, ки падару модар надоранд, ё аз онҳо кӯмаки моддӣ гирифта наметавонанд, мумкин ба зиммаи падаркалону модаркалони онҳо, ки маблағи басанда доранд, гузошта шавад. Набераҳое, ки ба воя расидаанду лаёқати корӣ надоранд ва мӯҳтоҷи ёрӣ мебошанд, агар падару модар, шавҳар ё зан (шавҳари собиқ ё зани собиқ) ва фарзандони ба воя расидаи лаёқатманди меҳнат надошта бошанд ё аз онҳо барои таъминот маблағ гирифта натавонанд, нисбат ба онҳо ҳам ин маҷбурият метавонад ба зиммаи калону модаркалон гузошта шавад.
Хуб, ин тартиб дар кадом ҳолатҳо татбиқ карда мешавад?
Мувофиқи қонунгузорӣ, барои ба зиммаи онҳо гузоштани ин маҷбурият, дар навбати аввал бояд набера падару модар надошта бошад, яъне шахсоне, ки падаркалону модаркалони набера ҳастанд, фарзанд надошта бошанд, инчунин, падару модари набера дигар фарзанд надошта бошад ва падаркалону модаркалон маблағи ба таъминоти набера басандаро соҳиб бошанд.
Онҳо на танҳо ба набераи ноболиғ, балки ба набераи ба балоғат расидаи ба меҳнат ношоям ва мӯҳтоҷи ёрӣ ҳам бояд алимент диҳанд.
Бар акси ин ҳол, набераҳо ҳам маҷбурияти пардохти алиментро ба падаркалону модаркалони худ доранд. Аз ҷумла, маҷбурияти таъминоти падаркалону модаркалони корношоям ва мӯҳтоҷи ёрӣ, ки аз фарзандони ба балоғатрасида ё ин ки аз шавҳар ё зан (шавҳар ё зани собиқ)-и худ таъминот гирифта наметавонанд, ба зиммаи набераҳои лаёқатманди меҳнат гузошта мешавад.
Мансур ҲАСАНОВ, роҳбари хидмати ахбори Садорати адлияи вилояти Самарқанд
Дар кадом ҳолатҳо бобову бибиҳо алимент месупоранд?
