Тавре хабар дода будем, дар шаҳри Самарқанд олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии 4 -ум оид ба забонҳои англисӣ, немисӣ, франсузӣ, забон ва адабиёт шуда гузашт. Аз рӯи дигар фанҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳои дигари ҷумҳуриамон гузаронида шуд. Мувофиқи натиҷаҳои олимпиада аз забони англисӣ донишомӯзи мактаби рақами 35 -и ноҳияи Иштихон Моҳинур Суюнова ҷойи аввалро ишғол кард. Аз фанни забон ва адабиёт донишомӯзи мактаби рақами 31‑и ноҳияи Нарпай Мухлиса Неъматуллоева ҷойи дуюм, аз забонҳои немисӣ донишомӯзи мактаби ихтисосонидаи рақами 51 (ИДУМ) -и шаҳри Самарқанд Алиакбар Акбаров ва франсузӣ донишомӯзи мактаби рақами 17‑и ноҳияи Иштихон Сӯҳроб Мусурмонов ҷойи сеюмро ишғол карданд.
— Соли гузашта аз вилоятамон ягон донишомӯз дар зинаи ҷумҳуриявии олимпиадаи асосии фаннӣ ҷой нагирифта буд, — гуфт сардори шӯъбаи Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят Хуршед Ҳоҷиқулов. — Хушбахтона, имсол 9 нафар донишомӯз дар олимпиада аз фанҳои гуногун ғолиб шуда, вилояти мо дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи аввалро ба даст овард. Сараввал, барои ба ин натиҷа расидан донишомӯзонро ба олимпиада сидқан тайёр намудем. Гуфта мешавад, ки ба донишомӯзоне, ки дар зинаи ҷумҳуриявии олимпиадаи асосии фаннӣ ғолибиятро ба даст овардаанд, барои дохил шудан ба таълимгоҳҳои олӣ аз ҳамон фан холи максималӣ дода мешавад. Ба мураббиёни донишомӯзони ғолиби олимпиада, дар давоми сол ба миқдори 100 фоиз иловапулӣ(устама) пардохт карда мешавад. Директорони мактабҳоро низ бо тарзи назаррас рағбатнок мекунанд.
Н.БОБОАҲМАДОВ.
