Дар Хонаи матбуоти вилоят аз ҷониби Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят таҳти мавзӯи «Вазифаи асосӣ: меҳнат аз рӯи виҷдон дар амалӣ намудани вазифаҳои устувори соҳаи таълим» анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он Шаҳзод Эшонқулов, сарвари Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилоят, Хуршед Ҳоҷиқулов, сарвари шӯъбаи ин садорат, сенатор Фармон Тошев, донишомӯзони самарқандӣ, ки дар марҳилаи ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ ғолиб гардидаанд, устодони онҳо ва ходимони васоити ахбори омма иштирок карданд.
Зикр гардид, ки мувофиқи натиҷаҳои марҳилаи чорум (ҷумҳурӣ)-и олимпиадаи фаннӣ, вилояти Самарқанд дар рейтинги вилоятҳое, ки теъдоди зиёди донишомӯзонашон дар озмун ҷойҳои ифтихорӣ гирифтаанд, бо гирифтани 9 ҷо мақоми аввалро соҳиб гардидааст. Алоҳида қайд карда шуд, ки ин натиҷаи вилояти Самарқанд тӯли 33 соли охир бори аввал ба даст омадааст. Аз ҷумла, миёни иштирокчиёни олимпиада 3 нафар донишомӯзи самарқандӣ ҷои якум, 3 нафар ҷои дуюм ва 3 нафар ҷои сеюмро сазовор гаштаанд.
— Бояд гуфт, ки ин натиҷа бо осонӣ ба даст наомадааст, — гуфт Х. Ҳоҷиқулов. — Барои ғолибиятро ба даст овардан ҳам донишомӯзон, ҳам устодон, ҳам падару модарони онҳо ва ҳам ходимони садорати таълими вилоят дар ҳамоҳангӣ машаққат кашидем. То ҳадди имкон кӯшиш кардем, ки дар марҳилаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба дараҷаи максималии шаффофият амал намуда, донишомӯзони соҳибдонишро ба марҳилаи ниҳоӣ гузаронем, то дар ин марҳила боиси сарбаландии мо шаванд ва ба мақсад ҳам расидем.
— Мардум мегӯянд, ки «Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, донистани сад забон осон гардад». Аз ин рӯ, ман аз хурдсолиам кӯшиш мекардам, ки забони модарии худро бештару беҳтар омӯзам, — гуфт ғолиби олимпиада аз фанни забон ва адабиёти тоҷик Меҳрубон Мардонова, донишомӯзи мактаби таълими умумии рақами 39_и ноҳияи Самарқанд. — Мутолиаи доимӣ ва меҳнати пайваста оқибат самараи худро дод ва ман, хушбахтона, ғолиби озмун шудам. Вале барои ман муҳимтар аз ҳама, зимни олимпиада дониши худро такмил додам, ҷаҳонбиниам васеъ шуд ва дӯстони нав пайдо кардам. Мехоҳам дар оянда ба факултети забон ва адабиёти тоҷики ДДС дохил шуда, таҳсиламро идома диҳам.
Дар охир ба ғолибони олимпиада мукофотҳои пулии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ супурда шуд.
Ҳасан СУЛАЙМОНӢ
