Дар Хонаи матбуот бо иштироки Салоҳиддин Сатторов, роҳбари Садорати адлияи вилоят оиди корҳое, ки дар чоряки аввали соли ҷорӣ амалӣ шудаанд, анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
— Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ шаҳрвандон бештар аз хизматҳои давлатии гирифтани имзои электронии рақамӣ (93446_то), ариза барои ба муассисаи таълимии томактабии давлатӣ ҷойгир кардани кӯдак (48453_то), гирифтани маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (ё доштани он — 35262_то), бақайдгирии давлатии ҳуқуқ барои объектҳои истиқоматӣ (17141_то), фиристодани ариза барои баровардан, гузоштан ва нишон додани ҳисобкунаки оби хунук (14411_то), додани роҳхатҳо барои табобат дар санаторияҳо ба пиронсолон ва шахсони ногироидошта (8871_то), иҷозатномаи ҳамлу нақли мусофирон ва бор дар хатсайрҳои байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ (10953_то), ташаккули шиносномаи кадастрии объектҳои истиқоматӣ (10727_то) ва ғайра истифода бурдаанд, — гуфт С. Сатторов.
Инчунин, вай қайд намуд, ки дар се моҳи соли 2024 аз ҷониби идораҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ — ЗАГС) 24016_то далолатномаи таваллуд дода ва 4989_то шаҳодатномаи марг ба қайд гирифта шудааст.
Муқоиса бо ҳамин даври соли гузашта, бастани ақди никоҳ кам ва ҷудошавии оилаҳо нисбат ба соли гузашта каме бештар ба назар мерасад. Аз рӯи шумораи таваллудшудагон шаҳри Самарқанд (7978_то) ва ноҳияи Ургут (2820_то) пешсаф аст. Ҷолиби диққат аст, ки дар соли ҷорӣ 38 никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, 22 нафари онҳо сокинони давлатҳои ИДМ мебошанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин даври соли 2023 зиёд аст.
Боз таъкид гардид, ки аксияи ҳуқуқии «Ҳеч як шахс бе ҳуҷҷат намемонад» ба поён расида, дар давоми аксия ба 7209 нафар шаҳрвандон ҳуҷҷатҳо тақдим карда шудааст.
Дар давоми анҷумани матбуотӣ роҳбари садорат оиди як қатор дигаргуниҳои соҳа маълумот дода, ба саволҳои рӯзноманигорон ва блогерҳо ҷавобҳои муфассал дод.
Шаббода АСОМИДДИНОВА
Чаро ҷудошавии оилаҳо зиёд шудааст?
