Ovozi.uz

Дар бораи тасдиқ кардани арзиши минималии ҳуқуқи иҷора дар майдонҳои замине, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд ба савдои онлайн — ауксиони электронӣ гузошта мешаванд

Бар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 8‑уми июни соли 2021 «Дар бораи чораҳои таъмини баробарӣ ва шаффофӣ дар муносибатҳо ба замин, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқҳо ба замин ва ба активи бозор табдил додани онҳо» таҳти рақами 6243 ва қарори Девони Вазирон аз 14‑уми феврали соли 2022 «Дар бораи чораҳои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи хусусӣ кардани майдонҳои замини барои хоҷагии қишлоқ пешбинишуда» таҳти рақами 71‑ум, инчунин, қарори таҳти рақами VI‑98–32–7–0-Қ/24 сессияи навадуҳаштуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати шашумро ба инобат гирифта, бо мақсади муайян намудани арзиши минималии ба воситаи онлайн — ауксиони электронӣ барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва шаҳрсозӣ ба иҷора додани майдонҳои замини холии барои хоҷагии қишлоқ пешбинишуда ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Пешниҳодҳои ҷонишини якуми ҳокими вилоят (Ф. Абилов), Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят (Б. Мирзоев), Садорати андози вилоят (Э. Толлиев), Садорати ҳудудии вилоятии Агентии идораи активҳои давлатӣ (А. Эгамов), Садорати вилоятии Палатаи кадастрҳои давлатӣ (М. Қувондиқов)-ро дар бораи муайян намудани арзиши минималии қитъаҳои замин, ки барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва шаҳрсозӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд бо ҳуқуқи иҷора ба савдоҳои онлайн-­ауксиони электронӣ бароварда мешаванд, маъқул карда шавад.
  2. Барои маълумот қабул гардад, ки бар асоси қарори Девони Вазирон аз 14‑уми феврали соли 2022 таҳти рақами 71 бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд тасдиқ шудани арзиши минималии ба иҷора додани як метри мураббаъ майдони замин барои ҳар як ноҳия (шаҳр) муайян гардидааст.
    Дар ин ҷо мизонҳое чун:
    ченаки майдони замин (метри мураббаъ);
    арзиши минималии ба иҷора додани майдони замини як метри мураббаъ (сӯм/метри мураббаъ);
    муддати ба иҷора додани майдони замин (сол);
    арзиши корҳои тайёр кардани маводи интихоби майдони замин, хароҷотҳо барои ба рӯйхати давлатӣ гирифтани ҳуқуқҳо ба майдони замин (сӯм) ба инобат гирифта шаванд.
  3. Ба назар гирифта шавад, ки хароҷотҳои Садорати вилоятии Палатаи кадастрҳои давлатӣ (М. Қувондиқов) барои аз рӯйхати давлатӣ гузарондани ҳуқуқи иҷора ба майдони замин мувофиқи талаботи қарори Девони Вазирон аз 10‑уми июни соли 2014 «Дар бораи ҳангоми муайян кардани нархи хизматҳои давлатӣ дар соҳаи кадастри давлатӣ такмил додани муносибати табақагузорӣ» таҳти рақами 186 муайян гардад.
  4. Арзиши минималии ба воситаи онлайн-­ауксиони электронӣ ба иҷора додани як метри мураббаъ майдони замини холии барои хоҷагии қишлоқ пешбинишуда барои амалӣ кардани фаъолияти соҳибкорӣ ва шаҳрсозӣ дар шаҳру ноҳияҳо мувофиқи илова тасдиқ карда шавад.
  5. Садорати андози вилоят (Э. Толлиев) аз рӯзи расман ба амал даромадани қарори мазкур дар «YERELEKTRON» ААТ ба тартиби муайяншуда истифодаи арзиши минималии ҳуқуқи иҷора ба майдонҳои заминро таъмин кунад.
  6. Сарсадорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷой (Б. Неъматов), ҳокимиятҳои шаҳр ва ноҳияҳо бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва шаҳрсозӣ ба шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ ба иҷора додани майдонҳои замин ба тартиби муайянгардидаи ба савдоҳои ауксионӣ баровардани онҳоро таъмин кунад.
  7. Ба Садорати вилоятии Агентии кадастр (Ф. Худойқулов), Сарсадорати сохтмон ва хоҷагии коммуналии хонаву ҷой (Б. Неъматов) вазифаҳои мониторинги доимии бомақсад ва босамар истифода бурдани майдонҳои замин, ки тасарруф шудаанд, супурда шаванд.
  8. Садорати андози вилоят (Э. Толлиев), Сарсадорати иқтисодиёт ва молияи вилоят (Б. Мирзоев), Садорати вилоятии Агентии кадастр (Ф. Худойқулов) пардохти саривақтӣ ва пурраи пулҳоро ба буҷети маҳаллӣ таъмин кунанд.
  9. Хизмати ахбори ҳокимияти вилоят — котиби матбуот (М. Мирзоев), Корхонаи давлатии унитарии «Маркази ривоҷи технологияҳои ахборӣ-­коммуникатсионӣ (Н. Норбеков) дар Базаи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ Lex-uz ва дар веб-сайти расмии ҳокимияти вилоят гузоштан, дар воситаҳои ахбори оммавӣ эълон кардани қарори мазкурро таъмин кунанд.
  10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишинҳои ҳокими вилоят Ф. Абилов ва А. Шукуров вогузошта шавад.
  11. Қарори мазкур аз рӯзи эълони расмӣ ба амал медарояд.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
29‑уми апрели соли 2024, 102–7–0-Қ/24.

Илова ба қарори ҳокими вилоят таҳти рақами 102–7-0-Қ/24 аз 29‑уми апрели соли 2024

АРЗИШИ МИНИМАЛИИ

бар асоси ҳуқуқи иҷора ба воситаи «онлайн-­ауксиони электронӣ» ба савдо баровардани майдони замин барои ҳар як ноҳия (шаҳр)-и вилояти Самарқанд

Р/тНоми ноҳия (шаҳр)Арзиши бар асоси қарори Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд аз 26.01.2024 таҳти рақами VI‑95–4–7–0-Қ/24 муайяншуда ба 1 метри мураббаъ (ба ҳисоби сӯм)Арзиши минималии ба воситаи «Онлайн-­ауксиони электронӣ» бар асоси ҳуқуқи иҷора ба савдо баровардани 1 метр мураббаъ майдони замин
то 1000 (кв.м)1000 —
10000 (кв.м)
10000 —
50000 (кв.м.)
50000 ва аз он зиёд (кв.м.)
1Ноҳияи Булунғур3 3003 3001 650825413
2Ноҳияи Иштихон2 7282 7281 364682341
3Ноҳияи Ҷомбой3 3003 3001 650825413
4Шаҳри Каттақӯрғон5 0605 0602 5301 265633
5Ноҳияи Каттақӯрғон2 7722 7721 386693347
6Ноҳияи Нарпай3 3003 3001 650825413
7Ноҳияи Нуробод2 6402 6401 320660330
8Ноҳияи Оқдарё3 3003 3001 650825413
9Ноҳияи Пастдарғам3 3443 3441 672836418
10Ноҳияи Пахтачи2 6842 6841 342671336
11Ноҳияи Пайариқ3 3003 3001 650825413
12Ноҳияи Қӯшработ2 6402 6401 320660330
13Шаҳри Самарқанд5 6765 6762 8381 419710
14Ноҳияи Самарқанд3 3443 3441 672836418
15Ноҳияи Тойлоқ3 3443 3441 672836418
16Ноҳияи Ургут3 3003 3001 650825413

Эзоҳ: Бар асоси банди 22‑и Низомнома, ки бо Қарори Девони Вазирон аз 14‑уми феврали соли 2022 таҳти рақами 71 арзиши минималии бори охир тасдиқшудаи ба иҷора додани қитъаи замин то тасдиқ шудани арзиши нави он дар амал мешавад.