Дар зиммаи сенаторҳо вазифаҳои пурмасъулияте чун сазовори боварии халқ шудан, амиқ ҳис намудани масъулияти худ дар назди Ватан, дарк кардани мулоҳизаҳое, ки Президент дар бораи вазифаҳои аъзои нави парламент баён намудааст, гузошта шудаанд.
Парламенти нави Ӯзбекистони Нав ҳақ надорад, ки чун пешина кор кунад. Як ҳақиқатро набояд фаромӯш кард: фаъолияти мо, аввало, дар назорати халқамон мебошад. Дар таҷрибаи ҷаҳон низ ҳоло даврест, ки мавқеъ ва аҳамияти парламент пайваста зиёд мешавад. Замон намебардорад, ки сенаторҳо бефарқ ва лоқайд бошанд. Даври «урра-урра» гуфтан гузашт. Дониши ҳуқуқии халқамон хеле зиёд шудааст.
Сиёсати кушодае, ки дар соли 2016 оғоз гардид, демократия, озодии сухан, дониш ва малака, ҷаҳонбинии аҳолиро тағйир дод. Ӯзбекистон бо роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев аз роҳи рушди мустаҳкам ва бовариноке, ки ба қафо барнамегардад, пеш меравад. Услубҳои мутлақо нави мулоқот бо халқ таҳия карда шуд, ки дар таҷрибаи ҷаҳон вонамехӯранд.
Чуноне ки Президентамон дар маҷлис таъкид кард, «Худатон тасаввур кунед, аз 37 миллион халқ танҳо ба 65 нафар инсон шарафи бузург ва бахти сенатор шудан насиб кард. Ба қадри ин боварии калон ва масъулият бо хизмати ҳалолу содиқона расидан вазифаи муқаддаси ҳар яки мо аст».
Дар зиммаи 65 нафар аъзои Сенат боварии сиву ҳафт миллион халқ меистад. Президентамон ба таври мухтасар ва амиқ фаҳмонд, ки вазифаи мо то чӣ андоза бузург ва баробари ҳамин, хеле бомасъулият аст. Таъкид кард, ки ҳамаи мо бо сарварии роҳбари мамлакат хизматгорони халқ ҳастем. Мақсад аниқ: «Танҳо ва танҳо қадри инсон. Розӣ кардани халқ».
Президентамон ҳангоми мулоқот бо аъзои Сенат як ба як фаҳмонд, ки Стратегияи сулҳ ва рушди Ӯзбекистон чиҳоро дарбар мегирад.
Нишон дода шуд, ки дар ин самт аз мо, сенаторҳо чиҳо талаб карда мешаванд: «Танҳо бо иродаи мустаҳкам, якдилӣ ва ҳамҷиҳатӣ, бо меҳнати пайваста муяссар мешавем, ки дар диёрамон осоиштагӣ ва рушдро таъмин намоем».
Аён аст, ки имрӯз чун дирӯза зиндагӣ карда намешавад. Аъзои Сенат — мансаб ё ки мартаба нест. Он меҳнати сермашаққат, иҷрои вазифаи дар назди халқ буда, баргардонидани ҷавоби муносиб ба боварии одамон мебошад.
Ӯзбекистон давлати соҳибистиқлолест, ки барои забт намудани мақсад ва марраҳои калон кӯшиш карда, дар ҷаҳон сазовори ҷой ва мақоми ба худ хос шудааст.
Худ аз худ фаҳмо мебошад, ки парламенти давлати соҳибистиқлол низ соҳиби сухани худ ва ҷойи худ бояд бошад.
Рустам ХОЛМУРОДОВ,
аъзои Сенати Маҷлиси Олӣ.
