Ovozi.uz

Эркинҷон Турдимов: «Самарқанд бояд ба шаҳри одамҳо табдил ёбад, на мошинҳо»

«Самарқандро барои автомобилҳо не, барои одамон мусоид сохтан лозим. Дар он барои пиёдагардҳо бояд шароитҳо фароҳам оварда шаванд. Ҳақиқати ҳаёти имрӯза аз он иборат аст, ки ронандаҳо ба бартариҳои зиёд соҳибанд. Ба кадом роҳравҳои пиёдагардон назар кунем, мебинем, ки онҳо бо автомобилҳо пур шудаанд. Сабаби ин бошад, дар мавҷуд набудани ҷойҳои автомобилгузорӣ мебошад.»
Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов муҳокимаеро, ки бо иштироки масъулон баргузор гардид, бо ин суханҳо оғоз кард.
— Масъалаи асосӣ, шаҳри Самарқандро ба шаҳри одам табдил додан аст, — гуфт ӯ. — Имрӯз шаҳри мо ба шаҳри автомобил табдил ёфтааст. Соҳибони автомобилҳо норозӣ шаванд ҳам, мо бояд пиёдагардиро ба роҳ монем. Автоистгоҳҳоро бояд зиёд намоем. Автомобилҳояшонро бояд ба автоистгоҳҳо бурда монанд. Чор сектори шаҳри Самарқанд дар роҳравҳои пиёдагардон бояд пиёда гашта, барои ба фароҳам овардани шароитҳо ба пиёдагардон чораҳо андешанд. Баъзе беинсофҳо дар роҳравҳо, назди мағозаву дорухонаҳо автомобил мегузоранд. Ба ин набояд роҳ дод.
Ба роҳбарони секторҳо оид ба андешидани чораҳои дар кӯчаҳои марказӣ ташкил кардани ҷойҳои автомобилгузорӣ, ба тартиб даровардани роҳравҳо ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои пиёдагардон супоришҳо дода шуд.
Дар муҳокима масъалаи такмил додани нақлиёти ҷамоатӣ ҳам баррасӣ гардид. Ҳоло дар шаҳри Самарқанд электробусҳое, ки ба 75 нафар мусофир пешбинӣ шудаанд, ҳаракат менамоянд. Онҳо дар хатсайрҳои шаҳр ба одамон хидмат нишон медиҳанд. То охири сол ба 100 расонидани теъдоди электробусҳо ба нақша гирифта шудааст.
— Автобусҳоро бояд зиёд кард, — идома дод ҳокими вилоят. — Мана ҳоло 36 дона электробус оварда шуд ва то охири сол боз 64‑тои дигар оварда хоҳад шуд. Садорати нақлиёт хатсайр­ҳои электробусҳои мазкурро на бо ман, балки бо одамони шаҳри Самарқанд маслиҳат карда, фикрҳои онҳоро ба инобат гирифта, ба шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот гузошта, масъаларо муҳокима карда, сипас харитаи хатсайрҳоро ба Шӯрои депутатҳои шаҳр ва сипас ба мо пешниҳод кунад, мо розигӣ медиҳем.