Ovozi.uz

Зани боилм оинаи ҷамъият аст

Мувофиқи қарори Президенти кишварамон аз 21-уми декабри соли 2023 “Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ оид ба мустаҳкамнамоии оила ва баланд бардоштани фаъолнокии занон” дар мамлакатамон ба муносибати “Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар соҳаи илм” рӯзҳои 12-17-уми феврал ҳафтаи «Зани олима – оинаи ҷамъият» гузаронида мешавад.
Дар давоми ҳафта бо иштироки занҳои олимаи муассисаҳои таълимии Самарқанд бахшида ба рушд додани салоҳияти илмии занону духтарон тадбирҳои илмиву амалӣ ва маънавиву маърифатӣ, инчунин, форум, анҷуман, семинар, сӯҳбатҳои гирди мизиву вохӯриҳо ташкил мегардад.

Занони олима ва бонувоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои мухталифи соҳаи илм ҷоиза гирифтаанд, духтарони боистеъдод, ки лоиҳаҳои инноватсионӣ эҷод кардаанд, омӯзгорони нафақахӯр, ки дар рушди илм дар муассисаҳои таълимӣ саҳми арзанда гузоштаанд, мукофотонида шуда, осорхона, зиёратгоҳҳо ва қадамҷоҳои таърихиро зиёрат мекунанд.