Ovozi.uz

Санаи нави ҷанги Баҳодур Ҷалолов эълон гардид

Муштзани касбии ӯзбекистонӣ Баҳодур Ҷалолов рӯзи 18-уми майи соли ҷорӣ дар пойтахти Арабистонги Саудӣ – Ар-Риёд ба ринг мебарояд. Ҳамон рӯз ба вай Дилан Прашовичи черногориягӣ рақиб мегардад. Дар ин бора Иттиҳоди умумиҷаҳонии муштзанӣ (WBC) дар саҳифаи худ маълум кард.
Дар асл ҷанги Ҷалолов-Прашович ба 17-уми феврали соли ҷорӣ муайян шуда буд. Дар ҳамон вақт инчунин ҷанги байни Фюрӣ-Усик гузаштанаш лозим буд. Аммо аз сабаби ҷароҳат гирифтани Фюрӣ санаи гузаронидани ҷангҳо дигаргун шуд.
Акнун айнан дар мусобиқаи рӯзи 18-уми май дар доираи ҷанги Фюрӣ-Усик муштзани машҳури ӯзбекистонӣ низ бар зидди Прашович ба ринг мебарояд.
Барои маълумот, Баҳодур Ҷалолов ҷанги охирини худро рӯзи 17-уми ноябри соли 2023 дар шаби муштзании дар “Ҳумо арена” шудагузашта бар зидди Крис Томпсони африкоӣ гузаронида, ба ивази нокаут дар раунди якум ғалаба ба даст оварда буд. Муштзани черногориягӣ маротибаи охир дар 8-уми ноябри соли 2022 ба ринг баромада, Павел Соури чехиягиро мағлуб карда буд.