Дар Самарқанд дар мавзӯи «Кофияти далелҳо барои боздошт ва асосҳои озодкунӣ то ба суд» анҷумани байнулмилалӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ, ки таҳти ҳамкории Шӯрои олии судяҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва филиали Созмони байналмилалии ғайриҳукуматии “Мулоқоти минтақавӣ” (Словения) дар кишварамон гузаронида шуд, судяҳои вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах, Навоӣ ва Қашқадарё доир ба корҳои ҷиноӣ, ҳуқуқшиносон, коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд.
Ҷонишини раиси Шӯрои олии судяҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Ҷалилов таъкид кард, ки ҳимояи самараноки ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон тавассути суд мақсади асосии ислоҳоти судӣ дар кишварамон мебошад. Ҳамин омил дар “Стратегияи кӯтоҳмуддати ба марҳалаи сифатан нав баровардани низоми судӣ, ки барои солҳои 2023-2026 нигаронида шудаанд” низ чун самти устувор муайян шудааст.
Коршиносони байналмилалӣ эътироф карданд, ки дар натиҷаи ислоҳоти судӣ салоҳияти татбиқи чораҳои маҷбурии мурофиавӣ ба судҳо вогузор шуда, дар қонунгузории миллии мо институти аз ҷониби ҳама эътирофшудаи «Қоидаи миранда» ва «Хабеас корпус» фаъолона татбиқ карда мешавад. Аз ин рӯ, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳар як инсон институти «Хабеас корпус» мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Бахусус, дар таҳрири нави Конститутсия ифодаи худро ёфтани ин институт натиҷаи амалии тамоюли “Барои қадри инсон” мебошад.
Дар чорабинӣ чораҳои мурофиавие, ки аз ҷониби судҳо нисбат ба гумонбаршуда ё айбдоршаванда андешида мешаванд, аз ҷумла, асосҳои қонунии татбиқи ҳабси пешакӣ ё озод кардан аз ҳабс, санҷиши қобили қабул ва асоснок будани далелҳо ва додани баҳои ҳуқуқӣ ба онҳо баррасӣ шуданд.
Иштироккунандагон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар шакли машғулоти амалӣ таҷрибаи иваз карданд.
Судяҳо таҷриба иваз карданд
