Ovozi.uz

Ширкати Хитой дар сохтмони шаҳраки Ширин саҳм мегузорад

Дар ҳокимияти вилоят мулоқоти ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов бо ҳайати вакилони ширкати «China Construction International»-и Хитой таҳти сарварии роҳбари ширкат Гао Бо баргузор гардид. Мавзӯи асосии мулоқот муҳокимаи таҳия ва иҷрои лоиҳаҳо доир ба инфрасохтори шаҳрсозӣ ва бунёди биноҳои нав буд.
Бояд гуфт, ки ширкати мазкур яке аз бузургтарин ширкатҳои бинокории ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар кишварҳои хориҷӣ биноҳои истиқоматӣ, роҳ ва дигар объектҳои инфрасохториро месозад, инчунин, дар самти бунёду идора намудани нерӯгоҳҳои барқӣ ва соҳаи шаҳрсозӣ ҳам фаъолият пеш мебарад.
Аз ҷониби ширкат дар кишварҳои хориҷа як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардидаанд, ки сохтмони Бонки миллии Абу-­Даби, толори консертии «Royal Albert Hall»-и Лондон, пули «Шуайба»-и Қувайт аз ин ҷумлаанд.
Ин ширкати бонуфуз ба лоиҳаи шаҳраки Ширин мароқ зоҳир намуда, ният дорад, ки дар ин ҷо корҳои сохтмониро пеш барад.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ҳини сӯҳбат зикр намуд, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон корҳои васеъмиқёси бунёдкорӣ ба анҷом мерасанд ва ин гуна навсозиҳо дар Самарқанд низ амалӣ мешаванд. Таъкид намуд, ки бунёди шаҳраки Ширин ҳам яке аз ин ислоҳотҳо ба шумор меравад.
Бино ба сарнақшаи шаҳраки Ширин, дар мавзеъ бунёди биноҳои 12–52 ошёна пешбинӣ шуда, дар онҳо 180 ҳазор нафар аҳолӣ метавонанд истиқомат кунанд.
Роҳбари ширкат Гао Бо гуфт, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои самараноки сарони кишварҳо, имрӯзҳо саҳифаҳои тозаи дӯстии Ӯзбекистону Хитой боз мегарданд. Қайд намуд, ки ҳамчун рамзи ин дӯстиву ҳамкориҳо, ширкати «China Construction International» омода аст, то хидматҳои худро дар Ӯзбекистон, бахусус Самарқанд тақдим намояд.
Ҳар ду ҷониб доир ба ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ширкати «China Construction International» ва дирексияи шаҳраки Ширин созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд.