Ovozi.uz

Ба қадри ҳаёти фаровон расем

…Соли 1950 буд. Солҳои баъдиҷангӣ. Ҳаёти мардум акнун беҳтар мегардид. Мо дар гузари Чақари шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекардем. Дар поёни гузар «Ҳаёт» ном дарахтзор буд. Аз паҳлӯяш як ҷӯй оби зулол мегузашт. Вақти таътили тобистон писарону духтарон ҷамъ омада, бозӣ мекардем. Байни мо аппаву хоҳар буданд, ки яке Ҳаловат ном дошту дигаре Додар. Падари онҳо аз ҷанг барнагашта ва модарашон бемор буд.
Як рӯзи офтобии тобистон буд, ки мо дугонаҳо монанди ҳаррӯза дар боғ дастархон ороста, ҳар чизе, ки доштем, рӯйи он гузоштем. Ҳаловат бо шарм рӯймолчаашро кушода, аз дарунаш ду пора нони қоқи мағоркардаро баровард. Аз шарм рухсораш анорвор сурх шуда буд. Ҳамин дам Ҳалима ном дугонаам барои ҳиҷолат нашудани ӯ:
— Дирӯз модарам гуфтанд, ки нони мағор ба саломатӣ фоидаовар аст, — гуфт ва аз дасти Ҳаловат нонро гирифта, ба мо як бурдагӣ тақсим кард. Ман ба бачаҳо назар кардам, ки онҳо нонро ба об тар карда мехӯрданд.
Ҳаловату Додар низ аз ин хурсанд шуда, аз қанду қурсе, ки дигарон оварда буданд, истеъмол мекарданд. Баъд аз чанд рӯз модарашон вафот карду модаркалонашон онҳоро гирифта бурд.
Дигар апаву хоҳаронро надидам ва ҳоло намедонам, ки чӣ рӯзгор доранд… Аммо то ҳол он рӯзро, ки нони мағор хӯрда будем, фаромӯш намекунам…
Имрӯз, ки Ватанамон тинҷу ҳаётамон фаровон аст, мо бояд онро қадр созем. Ба ҳою ҳавас ва дабдабаҳои барзиёд дода нашавем, ғуломи нафси худ гардида, меҳру оқибат, одаму одамгариро фаромӯш накунем. Зеро, ҳаёт даргузар аст ва аз мо танҳо меҳру муҳаббат, самимият, накӯкорӣ боқӣ мемонад.

Хосият НОРОВА