Рӯзи Хотира ва қадрдшиносӣ ва 79-умин солгарди Ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар вилоятамон низ васеъ ҷашн гирифта шуд.
Аз субҳ дар Майдони хотираи шаҳри Самарқанд роҳбарият ва фаъолони вилоят, низомиён, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён ва ҷавонон ҷамъ омаданд. Онҳо ба пояи муҷассамаи Модари мотамсарои майдон гулдастаҳо гузошта, ба хотираи ҳамватанонамон, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳалок шудаанд, эҳтиром ба ҷо оварданд.
Ҳокими вилоят Э.Турдимов бо собиқадорон ва фаъолон суҳбат карда, онҳоро бо Рӯзи хотира ва қадршиносӣ табрик гуфт.
Тавре дар паёми шодбошии Сарвари давлатамон ба халқи мо таъкид гардидааст, дар замони ниҳоят мураккаб ва хатарноки имрӯза ҷасорат ва анъанаҳои пуршарафи собиқадорони қаҳрамони мо ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон, ҳифзи онҳо аз таъсири гуногуни зараровар, нигоҳ доштани сулҳу барқарорӣ, дӯстии байни халқҳо ва динҳо, инчунин, ҳамбастагӣ барои мо ҳамеша ҳамчун мактаби ибрат хидмат мекунад.
— Аз анҷоми ҷанги нангин 79 сол гузашта бошад ҳам, захмҳои дар дили халқи мо гузоштаи он ҳанӯз боқӣ мондааст, — гуфт собиқадори меҳнат Абдушукр Муҳаммадқулов. — Дар он солҳо ҷанг дар ҳар хонадон, ҳар як оила асорати худро гузошта, баъзеҳо падару модар, баъзеҳо фарзандони худро, бонувони зиёд шавҳару ёри дӯстдоштаи худро аз даст доданд. Ба ҳазорон нафар одамон аз фронт ба канори оилаи худ баргаштан насиб накард. Онҳо бобову бибӣ, пайвандони мо мебошанд. То ҳол баробари ба хотир овардани онҳо, ба ҷанг лаънат мехонем ва сулҳу осоиши тамоми ҷаҳонро орзу мекунем. Моҳият ва қадру қимати Рӯзи хотира ва қадршиносӣ низ дар ҳамин аст.
Дар асоси қарор ва фармони дахлдори Сарвари давлатамон имсол ба муносибати ҷашни ид ҷиҳати ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии моддии собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони насли куҳансол ва беҳтар намудани шароити зиндагонии онҳо корҳои шоёни таҳсин амалӣ мегарданд. Дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳаллаҳо бо пиронсолон вохӯриҳо ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ гузаронида мешаванд.
Дар арафаи ид ба панҷ нафар иштирокдорони ҷанг, ки дар вилоят умр ба сар мебаранд, тантанавор табрикоти Президент ва 20 миллион сӯм мукофоти пулӣ, инчунин тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Илова бар ин, ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ низ ба собиқадорон эҳтироми сазовор нишон доданд.
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадршиносӣ идома доранд.
Эҳтиром, эъзоз, эътибор
