Ovozi.uz

«Мақола навиштан мисли бо сӯзан чоҳ кофтан аст»

Ҷамшед Обидов (Ҷамшеди Асрор) 13 уми майи соли 1964 дар деҳаи Қӯлбаи ноҳияи Самарқанд, дар хонадони деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1981 мактаби рақами 39 и ноҳияи Самарқандро хатм кардааст. Солҳои 1984–1989 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил намуда, баъди хатм солҳои зиёд дар мактаби миёнаи рақами 47 и шаҳри Самарқанд ва мактаби рақами 33 и ноҳияи Самарқанд аз фанни забони форсӣ дарс додааст. Ду сол (2000–2002) ҳамчун омӯзгори кафедраи фанҳои иҷтимоии Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ва 2 сол ҳамчун тарбиятгар ва мудири китобхона дар Литсей — парваришгоҳи назди донишкадаи мазкур (2003–2004) фаъолият пеш бурдааст.
Аз соли 2011 ин ҷониб дар таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамчун мудири шӯъбаи кишоварзӣ фаъолият пеш мебарад.


Рӯзноманигори ботаҷриба, соҳибравия, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Ҷамшед Обидов рӯзи 13 уми май 60 умин баҳори умри худро пешвоз мегирад ва мо ба ин муносибат бо устод мусоҳиба оростем.
— Барои чӣ касби рӯзноманигориро интихоб кардед?
— Рӯзноманигорӣ бисёр касби ҷолиб ба ҳисоб меравад. Журналистон тавассути рӯзнома, телевизион, радио ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба одамон ахбори нав мерасонанд. Ба минтақаҳои гуногуни вилоят сафар карда, бо одамони гуногунпеша ҳамсуҳбат мешаванд ва дониши соҳавии худро афзун мекунанд. Дида тавонистани самтҳои пешрафтаи ҷомеа ва зери тозиёнаи танқид гирифтани камбудиҳои он, муайян намудани иллатҳое, ки ба пешрафти ҷамъият халал мерасонанд ва нишон додани роҳи ҳалли онҳо аз вазифаҳои асосии рӯзноманигорон маҳсуб меёбанд. Инчунин, муаррифии шахсоне, ки дар соҳаи худ пешсаф гардидаанд, муайян намудани сирру асрори муваффақиятҳои онҳо аз самтҳои ҷолиби ин соҳа мебошад. Ин ҳама буд, ки моро аз ин 13 сол пеш ба таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» овард.
— Ба фикри шумо журналист бояд чӣ хел бошад?
— Журналист бояд аввало, имлои забони адабӣ ва ҳамзамон забони давлатиро хуб донад. Бобати такмили маҳорати худ пайваста меҳнат карда, аз жанрҳои соҳаи журналистӣ огоҳ бошад. Ҳамарӯза такмили ихтисос кунад. Аз навигариҳои рӯз хабардор ва ҳамқадами замон бошад. Ба этикаи касб риоя кунад. Адолат ва ҳақиқатро мизони асосии фаъолияти худ қарор диҳад ва доимо барои таъмини ин ду кӯшиш намояд.
— Аз имкониятҳое, ки барои журналистони кишварамон муҳайё гардидаанд, қонеъ ҳастед?
— Албатта. Имрӯзҳо барои онҳое, ки мақсади журналист шудан доранд, аз ҷониби ҳукумат имкониятҳои васеъ муҳайё карда шудааст. Хусусан, озодии сухан, ки барои журналист бисёр муҳим аст, таъмин гардидааст. Пештар танҳо моддаи 67-уми Конститутсия ба фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ вобаста буд, вале ҳоло дар якчанд моддаи таҳрири нави Сарқонун таъмини озодии фаъолияти ходимони соҳа, кафолати гирифтани ахбор, ҷустуҷӯ, истифода ва эълон кардани он нишон дода шудааст. Барои журналистони ҷавон дар назди рӯзномаҳо мактабҳои маҳорат ташкил кардаанд, ки ин низ барои ба майдон омадани журналистони бомаҳорат кӯмак мекунад. Аз ҷумла, дар назди таҳририяти рӯзномаи «Овози Самарқанд» «Мактаби маҳорати журналистони ҷавон» фаъолият дорад. Мутахассисони пуртаҷриба ба онҳо дар бораи журналистика маълумот медиҳанд. Меҳри онҳоро ба касб зиёд мекунанд. Бо таҳрири устодон мақола ва маводи аввалини онҳо тайёр ва аз саҳифаи рӯзнома ҷой мегиранд. Аз ин дастовард онҳо хурсанд шуда, ба соҳа меҳр пайдо мекунанд. Нисбат ба касб муҳаббат пайдо шавад, дар оянда ба мушкилиҳои он сабр карда, пеш мераванд.
— Медонем, ки гоҳ-гоҳ ҳикояҳо низ менависед. Дар ин самт чӣ нақшаҳо доред?
— Баъзан ҳикоячаҳои хурд менависам. Кӯшиш мекунам, ки онҳоро дар рӯзномаҳо интишор кунам. Якчанд ҳикояҳоям аз саҳифаҳои китобҳое, ки аз ҷониби таҳририят ба табъ расидаанд, ҷой гирифтанд. Ният дорам, ки дар солҳои наздик маҷмӯаи ҳикояҳоямро чоп кунам.
— Ба журналистони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?
— Бештар мақолаҳои журналистони пуртаҷрибаро хонанд. Ба интихоби мавзӯъ эътибор диҳанд. Аввало, ба худ устоди моҳир ёфта, мувофиқи тавсияҳои онҳо мавод омода кунанд. Аз нобарориҳо дилсард нашуда, бештар меҳнат кунанд. Ҳеҷ як журналисти моҳир аз модар журналист таваллуд нашудааст. Дар замири комёбиҳои онҳо меҳнати сангин мехобад. Бештар китобҳои бадеӣ хонанд, мунтазам нависанд. Нони журналистро «сахт» мегӯянд. Навиштани мақола низ худ мисли бо сӯзан чоҳ кофтан аст. Аз ин рӯ, аз меҳнат наҳаросанд ва барои рушди маҳорати худ пайваста кӯшиш кунанд.

Мусоҳиб Ҳасан СУЛАЙМОНӢ.