Ба хонаи додарам рафтам. Келин дар омади гап шикваомез гуфт, ки духтарам ҳоло мактабхону аллакай аз ду-се ҷой хостгор омад. Хоҳишашонро рад кунам ҳам «ақаллан якта ангуштарӣ гузаронида, банд карда монем» мегӯянд.
— Дониши духтаратон нағз, баъди хатми мактаб дар ягон донишгоҳ хонад, соҳиби касб ё ихтисосе шавад нағз, — гуфтам.
— Мо ҳам дар ҳамин ният, ака, — гуфт додарам. — Вале инҳо…
Тӯй маросими хурсандибахш мебошад. Инсон бо ёру дӯстони дер боз надидааш вомехӯрад. Ҳамсӯҳбат мешавад. Тамошои рақсу бозӣ, шунидани савту навои мутрибони хушовоз ба кас роҳат мебахшад. Аммо баъзеҳо одоби меҳмонравиро ҳам намедонанд. Баланд-баланд гап мезананд. Санъаткорон чӣ суруд мехонанд, кӣ ба сухан баромада, чӣ мегӯяд, фаҳмида намешавад. Дар маъракае гувоҳи сӯҳбати ду зан шудам.
— Вой, ҳамсоя, фаҳмидед, — мегуфт яке, — ба хонаи Аҳмади пиён хостгор омадааст.
— Чӣ хел нағз. Тӯй шавад, тӯй мехӯремдия.
— Э-ҳе, ба ҳамин хостгорҳо ҳам ҳайрон мемонам. Ду духтари гул барини ман истода, духтари майзадаро маъқул карданд. Аммо аз ҷойи зӯр. Бою бадавлат, дуошёна иморат, яккаписар. Боз ду мошини навбаро-мад доштаанд.
— Розӣ шудаанд?
— Ба ҳамон ҳолашон боз ноз ҳам кардаанд. Ман мебудам, зуд розӣ мешудам.
Ман худ ба худ андеша кардам: ҳама ба бой духтар диҳад, ба писари камбағал кӣ мерасад? «Домод аз даст наравад», гӯён духтарони 16—17- солаи ноболиғро ба шавҳар медиҳанд. На соҳиби касбу кор, на як маълумоти аниқ доранд. Хулоса, ба рӯзгордорӣ сарфаҳм намераванд…
Як бегоҳӣ шиносам бо ҳамсараш ба хона омад. Пас аз пурсупос ба мақсад гузашт:
— Духтарамонро тӯй карда истодаем. Пагоҳ барвақттар ба хона гузаред.
— Муборак шавад, аммо духтаратон ҳоло хурд, ҳатто коллеҷро тамом накардааст-ку, — гуфтам.
— Қудоҳо ба ҳолу ҷонамон намонда истодаанд. Баъди тӯй зуд ба хориҷа мерафтаанд. Барои ҳамин маҷбур розӣ шудем.
— Беҳтар мебуд духтаратон баъди хатми ягон мактаби олӣ ба шавҳар расад.
— Э-ҳе, он гоҳ пирдухтар мешавад, — хандид ҳамсари ошноям.
Тӯяшон бодабдаба гузашт. Пас аз як сол шоҳиди ба хонаи падар баргаштани арӯс шудам. Сабаб чизу чора, моҷарои мебелу пардаи чандқабата будааст.
— Дониши хуб дошт духтарам. Дар ягон донишгоҳ хонданашро давом диҳад, беҳ будааст, — афсӯс мехӯрд ошноям.
Комил ҶӮРАЗОДА
