Ovozi.uz

Аспирин: чанд хусусияти барои мо номаълуми он

Маслиҳатҳои муфид

Аспирин метавонад ҳатто бо қиматтарин тозакунандаи доғ рақобат кунад. Аспирин дар ҳаёти ҳамарӯза ба осонӣ барои мубориза бо доғҳои кӯҳна кӯмак мекунад. Онро барои тоза кардани ҳар намуди матоъ бемалол истифода бурдан мумкин аст. Ба лаганди ҷомашӯӣ се литр об рехта, ба он аспирини кӯфташударо андозед ва хуб омехта кунед. Либосҳои чиркинро андохта як шаб гузоред. Пагоҳӣ ҷомашӯйҳоро чайқонда, бо усули муқаррарӣ шӯед. Барои натиҷаи беҳтар ба хока боз 5 таблеткаи кӯфташударо илова кунед.
Гулдастаро тару тоза нигоҳ медорем
Ҳамеша мехоҳем, ки умри гулдастаи тӯҳфашуда то ҳадди имкон дароз бошад. Ба об як дона таблеткаи аспирин андозед ва онро хуб биомезед. Гулдастаи шумо дар ҳолати хуб зиёдтар меистад.
Зангро тоза мекунем
Бартараф кардани занги металл кори осон нест. Барои ҳалли ин мушкилот шумо бояд аспирини ҳалшавандаи шӯълавар (шипучий)-ро гиред, аспирини оддӣ дар ин ҷо кӯмак намекунад. Таблеткаро кӯфта якчанд қатра об андозед. Омехтаи пастамонанд ҳосил карда, онро ба занг молед ва якчанд соат монед. Баъд бо оби тоза шӯед. Агар доғҳо то охир нарафта бошанд, ин корро боз як бор такрор кунед.
Қубурҳоро тоза кунед
3-4 донаи аспирин ва 5-6 қошуқ сиркои оддиро ба қубур резед. Агар басташавӣ хеле ҷиддӣ бошад, ду маротиба бештар аз ҳамаи ҷузъҳо бигиред. Баъди андохтан 10-15 дақиқа нигоҳ кунед ва оби гармро резед.
Воситаи тозакунӣ
5-6 донаи аспиринро кӯфта хока кунед, ба он як қошуқи гели табақшӯӣ илова кунед ва ҳамчун воситаи тозакунӣ истифода баред. Аспирини майдашуда хосиятҳои тозакунандаи гелро беҳтар мекунад ва сатҳи онро тезтар мешӯяд.