Ovozi.uz

Дар интихоботи президентии Исландия Ҳалла Томасдоттир пирӯз шуд

Соҳибкор ва сармоягузор Ҳалла Томасдотир дар интихоботи президентии Исландия пирӯз шуд.
Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботии кишвар, 32,8% интихобкунандагон ба тарафдории Томасдоттир овоз додаанд. Рақиби наздиктарини ӯ, сарвазири собиқ Катрин Якобсдоттир 25,7 дарсади овозҳоро ба даст овард.
Томасдоттир, ки бори дуюм барои курсии президентӣ номзади худро пешбарӣ кард, ба ҷойи Гвюдни Торлатсиус Юганнессон, ки пас аз ду давраи чаҳорсола истеъфо дод, сарвари давлат мешавад. Томасдоттир дуввумин зане мешавад, ки Исландияро раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад mir24.tv.