Ovozi.uz

Семинари омори саноатӣ дар Самарқанд гузашт

Дар иқтисодиёти бозоргонӣ нишондиҳандаи ҳаҷми маҳсулоти умумии саноат дар амалиёти оморӣ васеъ истифода мешавад. Аз ин рӯ дар Маркази байналмилалии сайёҳии шаҳри Самарқанд бо ҳамкории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ташкилоти рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид (UNIDO) ва шӯъбаи Мақсадҳои рушди барқарор рӯзҳои 5–7‑уми май дар доираи барномаи «Омори саноатӣ» семинари минтақавӣ баргузор шуд. Дар он вакилон ва мутахассисони давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғиз, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Мавзӯи семинар «Коркарди нишондиҳандаҳои омор барои такмили статистикаи саноатӣ ва таҳлили рушди он дар баъзе мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ» буда, намояндагони соҳа дар он бо ҳам табодули афкор ва таҷрибаомӯзӣ карданд.
Дар рӯзи аввали семинар роҳбари Шӯъбаи омори саноат ва энергетикаи Агентии статистикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Ҷӯраев дар бораи ислоҳот ва нақшаҳои оянда роҷеъ ба баланд бардоштани самаранокии системаи миллии омор ва омори саноати Ӯзбекистон маълумот дод.
Инчунин, дар рафти семинар сармутахассиси омор дар UNIDO Фернандо Канту таъкид намуд, ки статистикаи саноатӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини давлатҳо ба ҳисоб меравад ва дар ин семинар ходимони соҳаи мазкур бо ҳам роҳҳои самараноки муайян намудани омори саноатиро баррасӣ мекунанд.
— Ман бисёр хушҳол шудам, ки ташкилотчиён барои гузаронидани семинар шаҳри зебои Самарқандро интихоб кардаанд, — гуфт Ф. Канту. — Дар ин ҷо тӯли се рӯз мутахассисони омори беш аз даҳ давлат дастовард, нақша ва пешниҳодҳои худро дар соҳаи статистика муҳокима намуда, барои боз ҳам беҳтар шудани вазъи омори саноатӣ дониши худро мустаҳкам менамоянд. Пас аз он дар минтақаи худ мувофиқи таҷрибаҳои омӯхтаашон роҳҳои беҳтари муайян намудани оморро татбиқ мекунанд.
Ба меҳмонон кори тадқиқотии мушовири UNIDO Шям Упадяя дар мавзӯи «Индекси самаранокии бисёромил» низ тақдим карда шуд. Ғайр аз он, масъалаҳои «Нишондиҳандаҳои асосии омори саноатӣ», «Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот», «Иқтисодиёти рақамӣ дар истеҳсолот» ва «Индексҳои композити нишондиҳандаҳои саноат» баррасӣ гардиданд.
Бояд қайд кард, ки Ташкилоти рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳаш дар шаҳри Венаи Австрия ҷойгир аст. Ин созмон 170 кишвари узв ва дар саросари ҷаҳон шабакаи 29 дафтари минтақавӣ ва байналмилалӣ дорад.
Ҳадафи асосии созмон ҳавасмандгардонӣ ва суръат бахшидан ба рушди саноат дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва кишварҳои дар ҳоли гузариш буда, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалии саноатӣ мебошад. Истеъмоли устувори саноатӣ ва моделҳои истеҳсолиро тарғиб мекунад.

Шаҳзод КЕНҶАЕВ.