Ovozi.uz

Татбиқи механизмҳои нав дар соҳаи кирмакпарварӣ

Кирмакпарварӣ яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми мо ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок ба ҳисоб рафта, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, пилларо яке аз ҳафт хазина мегӯянд ва дар кишвари мо низ бо мақсади ривоҷдиҳии соҳа як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ имзо гардида, чорабиниҳои судманд амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, чанде пеш Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тезондани механизми ҷорӣ кардани усулҳои бозаргонӣ дар соҳаи пиллапарварӣ ва истеҳсоли абрешим» имзо гардид.
Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур дар тамоми ҳудудҳои ҷумҳурӣ ба роҳ мондани роҳи нави кор ва дар ин бобат зоҳир намудани эътибори махсус ба таъмин сохтани шуғли занону духтарон таъкид гардид. Ин аст, ки ҳоло зан ва духтарони ноҳияи Ҷомбой дар раванди кирмакпарварӣ фаъол иштирок мекунанд.
— Моҳи май мавсими парвариши кирмаки пилла аст, — гуфт сокини маҳаллаи Ҳалвоии ноҳия Гавҳар Ӯринбоева. — 34 сол боз дар ин соҳа кор мекунам. Мо имсол се қуттӣ тухми кирмак гирифтем. Дар як рӯз шаш маротиба барг медиҳем. Ният дорем, ки дар охири мавсим 230 килограмм пилла гирем. Бояд гуфт, ки нахи абрешим барои бофтани газвори хушсифат, аз ҷумла, атласу адрас, истеҳсоли ресмон, тӯр, коғаз, ҳамчунин барои саноати ҳарбӣ, тиб, дорусозӣ, масолеҳи ороишӣ, косметология ва ғайра маҳсулоти муҳим буда, дар бозори ҷаҳонӣ ҳамеша харидори зиёд дорад.
***
Кирмакпарварони маҳаллаи Сарчашмаи ноҳия аллакай ҷамъоварии пилларо сар карданд. Бахусус, сокини маҳалла Дилфуза Абулхайрова ҳосили зиёд ба даст овард. Вай то имрӯз 130 килограмм маҳсулот супорида, мақсад дорад, ки нақшаро барзиёд иҷро кунад.
Чанде пеш ҷонишини ҳокими ноҳия Ҳ.Раҳимова ва сарвари шӯъбаи Бунёди ҷамоатии хайрияи «Маҳалла»-и ноҳия Ҳ. Ӯсарова ба ин хонадон омада, бо заноне, ки дар кор фаъоланд, ҳамсуҳбат шуданд. Ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супурданд.

Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ,
ноҳияи Ҷомбой