Ovozi.uz

Сохтмони иншооти обтозакунӣ ва фоидаи он

Пресс-тур

Минбаъд пасобаҳои корхонаҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва биноҳои бисёрқабатаи Ургутро тоза карда, ба Дарғам мерезанд. Иқтидори ин иншооти обтозакунӣ 10 ҳазор метри мукааб буда, худи ҳамин сол ба истифода дода мешавад.
Дар ин бора ҳангоми пресс-туре, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Таъминоти оби Самарқанд» («Самарқанд сув таъминоти»)-и вилоят дар ноҳияи Ургут ташкил кард, маълумот доданд.
Иншоототи обтозакунӣ дар маҳаллаи Хиштмасҷид бунёд мегардад. Он майдони 3,4 гектарро дар бар мегирад. Аз моҳи июни соли гузашта сохтмони ин иншоот оғоз гардидааст ва ҳоло корҳо идома доранд.
— Барои сохтмони ин ишоот бештар аз 50 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шудааст, — гуфт коргузори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди бинокории «Ишонч» Адбдуҳалим Очилов. — Мо сохтмони аксари объектҳои иншоотро сар кардем. Вале ин ҷой, ки пастхами аст ва оби барфу борон ҷамъ мешаванд, бо маслиҳати лоиҳакашон боз 2 метр ба баланд бардоштани объекҳо маҷбур шудем. Албатта, барои ин кор акнун маблағи иловагӣ ҷудо мекунанд.
Ҳоҷибобо Абдуҳалим Очилов, ки худ бинокори касбӣ ва соҳиби маълумоти олист, ба блогеру жураналистон раҳбаладӣ кард. Ҳамроҳ объектҳои обтозакунии «дағал», тозакунии биологӣ, аэротенка ва ғайра аз назар гузарониданд. Вай ба 66_солагии худ нигоҳ накарда, дар назди ҳар як объект қарор мегирифт ва дар бораи он маълумотҳои муфассал медод. Маълум гардид, ки оби барфу борони боридаи ин ҷоро худи замини ин мавзеъ мекашад.
Вале селобаҳои аз боло шоридаомадаро имкони ҷаббидан надорад ва кӯл пайдо мешавад. Бинобар ҳамин барои пешигирии селоба танба сохтанро ба нақша гирифтаанд
Аз 14 блок — объекти иншоот ҳоло охиринашро месозанд. Пештар барои сохтмон бетони тайёркарро аз дигар ҷо мекашонданд. То ба ин ҷо овардан як-ду соат вақт мегузашту он ба сифати семент таъсир мерасонд ва семент хусусиятҳои худро гум мекард. Барои бартараф кардани ин муаммо ва пешравии кор дар худи ҳамин ҷо заводи бетон сохтанд.
Аз нақли Абдуҳалим Очилов бароямон аён шуд, ки оби партови минтақаи иқтисодиву биноҳои баландошёнаи Ургут аз масофаи 11,5 километр ин ҷо омада, бо қубури диаметраш 800_миллиметра ба иншоот медарояд ва аз ҷараёни полоишу тозакунӣ гузашта, баъдан ба наҳри Дарғам рафта мерезад.
Журналисту блогерҳо дар рафти пресс-тур бо таъминоти оби ошомидании массиви «Ӯзбекистони Нав» ва системаи канализатсияи он, ки дар ҳудуди маҳаллаи Мерганча аст, шинос шуданд. Сохтмони системаи таъминоти оби ошомиданӣ ва шабакаи партовоб 26 миллиард сӯмро ташкил мекардааст. Саркори ташкилоти бинокории Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шоҳрух-­Демирбек» Ҷамшед Бобонов, ки давраи санҷишии таъминоти обрасонии биноҳоро мегузаронд, нақл кард, ки таҷҳизотҳои заруриро аз Германия овардаанд. Алҳол аз 5 чоҳи 250_метра об кашида, ба воситаи насосҳо аҳолии биноҳои бисёрқабатаро бо об таъмин мекунанд. Онҳо дар як шабонарӯз аз чоҳҳо 300 метри макааб об кашида, ба 1998 хонадони биноҳои бисёрқабата мерасонанд. Вале ин иншоот расман ба истифода супурда нашудааст.
Бо мақсади фаҳмидани ҳақиқати ҳол мо аз сокини қабати 4-уми бинои рақами 43-и ин мавзеъ Шавкат Сатторов пурсон шудем.
— Ба кӯчида омадани мо қариб як моҳ мешавад, — гуфт ӯ. —Аҳли оилаи мо аз 5 нафар иборат аст. Аз таъминоти об шикоят надорем. Барои оби гарм аристон ҳаст. Қубурҳои газ ҳам кашида шудааст. Умед дорем, ки масъалаи таъминоти гази табиӣ ҳам ҳал мешавад.

Б.ҶУМЪАЕВ