Имрӯз ба қатори навъҳои хизматҳое, ки шаҳрвандон муроҷиат мекунанд ва дар маркази хизматҳои давлатӣ бисёр ба қайд гирифта мешаванд, барқарор кардани ҳуҷҷатҳои кадастрро дохил кардан мумкин аст.
Шаҳрванд барои барқарор кардани шиносномаи кадастри гумшуда, ба маркази хизматҳои давлати (МХД) омада, муроҷиат мекунад, ё ки дар портали Хизматҳои ягонаи интерактиви давлати (ПХЯИД) барои истифода аз хизмати давлатӣ ба тарзи электронӣ бояд аз рӯйхат гузарад. Агар худи шаҳрванд омада муроҷиат кунад, ходимони МХД аз номи вай ба воситаи ПХЯИД муроҷиат мекунанд ва саволномаи шакли муайяншударо ба шакли электронӣ мустақилона пур мекунад. Агар барои манфиати шахси саввӯм иҷро ин кор лозим бошад, ваколатномаи ба тартиби дар саволнома муайянгардида расмӣ карда ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи ба мулки ғайриманқул бударо тасдиқкунанда тақдим карда мешавад.
Ҳангоми гум шудани шиносномаи кадастр (ҷилди ҷамъоварда) ё ки ба ҳолати корношоям шудани он дар байни ду рӯз шиносномаи нави кадастр дар шакли коғазӣ ё ки пластикӣ дода мешавад.
Шерали ЭГАМОВ,
сардори шӯъбаи Маркази хизматҳои давлатии садорати адлияи ноҳияи Қӯшработ
