Кишоварзӣ
Маълум аст, ки тақрибан 50 дарсади доруҳои дар корхонаҳои фармасевтӣ истеҳсолшаванда аз растаниҳо тайёр карда мешаванд. Тараққиёти босуръати саноати фармасевтика дар бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла дар ҷумҳурии мо боиси афзудани талабот ба ин гуна ашёи хоми табиӣ — растаниҳои шифобахш мегардад. Яке аз ин гуна растаниҳои шифобахш каврак мебошад. 20_уми марти соли 2018 қарори Президент оиди ташкили плантатсияҳои ин растанӣ, коркард ва ба экспорт баровардани каврак ба имзо расида буд.
Каврак — (Ferula) ба оилаи Apiaceae (Umbelliferae) мансуб буда, алафи бисёрсола аст. Дар рӯи замин зиёда аз 160 намуд, дар республикаҳои Осиёи Марказӣ 104 хел ва дар мамлакати мо 50 намуди он мавҷуд аст. Барои гирифтани шираи он бештар намудҳои кавраки бӯйнок ва кавраки кӯҳистон истифода мешаванд.
Каврак дар биёбонҳои регзор, талу теппахо, кӯҳҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Тошканд, Сурхондарё, Қашқардарё, Ҷиззах, Навоӣ, Бухоро ва дар биёбону регзорҳои Республикаи Қароқалпоқистон мерӯяд.
Кавраки бадбӯй (Ferula assa-foetida L.) дар табиат васеъ паҳн шудааст ва асосан аз ин намуд ширеш-қатрон ба даст меояд. Ин растании шифобахш дорои моддаи фаъоли биологӣ буда, ба организми бемор таъсири мусбат мерасонад. Реша, барг, пӯст, гул, мева, шира ва дигар қисмҳои растанӣ низ ҳамчун дору истифода мешаванд.
Аз ин растанӣ Ибни Сино ҳам барои табобати бисёр бемориҳо истифода бурдааст.
Ширеш-қатрони кавракро дар тибби халқӣ барои муолиҷаи бемории сили шуш, вабо, захмҳо, сулфаи кабуд, дарди дандон, асаб ва дигар бемориҳо истифода мебаранд, инчунин доруи серғизо, балғамрон ва кирми киҷҷа ба ҳисоб меравад. Дар тибби илмӣ аз ширеш-қатрони каврак ҳар гуна дорувориҳо тайёр карда мешавад.
Дар кишварҳои шарқии Эрон, Покистон, Афғонистон ва Ҳиндустон шира ва решаи онро дар саноати хӯрокворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти косметикӣ истифода мебаранд.
Дар вилояти мо ҳам парвариши ин растаниро ба роҳ мондаанд ва масоҳати он сол аз сол васеъ мегардад. Масалан, раиси хоҷагии деҳқонии «Кенҷа Бобо»-и маҳаллаи Баландчордараи ноҳияи Каттақӯрғон Улуғбек Рустамов дар майдони 100 гектар кавраки шифобахш парвариш мекунад. Ҳоло ӯ дар арафаи дарави 27 гектар кавракзори худ аст. Улуғбек Рустамов ният дорад, ки маҳсулоти худро ба Афғонистон ва Ҳиндустон содир кунад.
М.ҶУМЪАЗОДА
