Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд пеш аз оғози фестивали ҷавонон таҳти шиори “Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!” анҷумани матбуотӣ доир гардид.
– Фестивали мазкур, ки сол то сол нуфузи бештар пайдо мекунад, имсол дар рӯҳия ва шукӯҳи дигар гузаронида мешавад, — гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Ҳ.Тӯхтаев. – Ба барномаи фестивал чорабиниҳо бахшида ба тақдимоти лоиҳаҳои “Мутолиа”, “Устод”, инчунин, “Фарзандони ибрат” дохил карда шудааст. Инчунин, дар доираи фестивал ба 81 нафар писару духтарон, ки ба синни 18 даромада, аз парастории волидон маҳруманд ва ба манзили зист эҳтиёҷ доранд, супоридани хонаву ҷой дар назар аст. Инчунин, соли равон таҳти ташаббуси Сарвари давлатамон дар ҷумҳурӣ бори аввал гузаронидани “Фестивали ҷаҳонии ҷавонон” муқаррар гардидааст. Ба ин чорабинии бонуфуз, ки дар доираи моҳона баргузор мегардад, шаҳри Самарқанд мизбонӣ мекунад. Дар он иштироки ҷавонони 150 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Дар чорабинӣ кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, намояндагони Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон, роҳбарони шӯъбаҳои минтақавии агентӣ иштирок карданд. Саволҳо, таклиф, ташгаббус ва мулоҳизаҳо ба миён гузошта шуданд. Аз имсол сар карда дар доираи моҳона ташкили чорабинии “Саёҳати тиҷоратӣ” муқаррар гардид. Дар доираи он саёҳати ҷавонон, ки ба соҳаи тадбиркорӣ шавқ доранд, ба корхонаи хидматрасонӣ ё истеҳсолии тадбиркорони ҷавони фаъоли шаҳру ноҳияҳо ташкил мегардад.
Рӯзи 10-уми июн дар маркази ноҳияи Иштихон ҷавонони ноҳия, инчунин, намояндагони ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, варзишгарон, вакилони ҷамоатӣ ҷамъ омаданд. Ба муносибати фестивали ҷавонон дар кғчаи марказӣ, боғи истироҳатӣ ва сайлгоҳҳои ноҳия тадбирҳои гуногун ташкил гардид. – Соли равон самти психологияи филиали Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дар вилояти Ҷиззахро хатм кардам, — гуфт Маъмура Абдуллоева. – Мехоҳам таҳсилро дар шӯъбаи магистратура идома диҳам. Барои ин сертификати миллӣ ё байналмилалии забони хориҷӣ талаб карда мешавад. Ман то ҳол дар вақти холии худ бо мақсади забономӯзӣ дар маҳфилҳои гуногун иштирок кардам. Дар доираи чорабиниҳои фестивал фаҳмидам, ки барои мустаҳкам кардани донишҳои мо дар ин самт боз як имконият фароҳам гардидааст. Коршиносон моро бо лоиҳаи “Фарзандони ибрат” шинос карданд. Роҳҳои истифодаи инро фаҳмонданд.
Фестивал, ки аз субҳ бо марафони пиёдагардии “Барои ҳаёти солим – 5 ҳазор қадам” оғоз гардид, бо барномаи консертӣ анҷом ёфт.
Б.МУСТАНОВ
