Дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд пеш аз оғози фестивали ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» анҷумани матбуотӣ доир гардид.
— Фестивали мазкур, ки сол то сол нуфузи бештар пайдо мекунад, имсол бо рӯҳия ва шукӯҳи дигар гузаронида мешавад, — гуфт ҷонишини ҳокими вилоят Ҳ. Тӯхтаев. — Ба барномаи фестивал чорабиниҳо бахшида ба тақдимоти лоиҳаҳои «Мутолиа», «Устод» ва «Фарзандони ибрат» дохил карда шудаанд. Инчунин, дар доираи фестивал ба 81 нафар писару духтарони аз парастории волидон маҳрум, ки ба синни 18 даромада, ба манзили зист эҳтиёҷ доранд, супоридани хонаву ҷой дар назар аст. Инчунин, соли равон таҳти ташаббуси Сарвари давлатамон дар ҷумҳурӣ бори аввал гузаронидани «Фестивали ҷаҳонии ҷавонон» муқаррар гардидааст. Ба ин чорабинии бонуфуз, ки дар доираи моҳона баргузор мегардад, шаҳри Самарқанд мизбонӣ мекунад. Дар он иштироки ҷавонони 150 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Дар чорабинӣ кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, намояндагони Садорати вилоятии Агентии кор бо ҷавонон, роҳбарони шӯъбаҳои минтақавии агентӣ иштирок карданд. Савол, таклиф, ташгаббус ва мулоҳизаҳо ба миён гузошта шуданд. Дар заминаи баёни андешҳо аз имсол дар доираи моҳона ташкили чорабинии «Саёҳати тиҷоратӣ» муқаррар гардид. Дар доираи он саёҳати ҷавононе, ки ба соҳаи тадбиркорӣ шавқ доранд, ба корхонаи хидматрасонӣ ё истеҳсолии тадбиркорони ҷавону фаъоли шаҳру ноҳияҳо ташкил мегардад.
Рӯзи 10‑уми июн дар маркази ноҳияи Иштихон ҷавонони ноҳия, инчунин, намояндагони ҳокимиятҳои вилоят ва ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, варзишгарон, вакилони ҷамоатӣ ҷамъ омаданд. Ба муносибати фестивали ҷавонон дар кӯчаи марказӣ, боғи истироҳатӣ ва сайлгоҳҳои ноҳия тадбирҳои гуногун ташкил гардид.
— Соли равон самти психологияи филиали Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон дар вилояти Ҷиззахро хатм кардам, — гуфт Маъмура Абдуллоева. — Мехоҳам таҳсилро дар шӯъбаи магистратура идома диҳам. Барои ин сертификати миллӣ ё байналмилалии забони хориҷӣ талаб карда мешавад. Ман то ҳол дар вақти холии худ бо мақсади забономӯзӣ дар маҳфилҳои гуногун иштирок кардам. Дар доираи чорабиниҳои фестивал фаҳмидам, ки барои мустаҳкам кардани донишҳои мо дар ин самт боз як имконият фароҳам гардидааст. Коршиносон моро бо лоиҳаи «Фарзандони ибрат» шинос карданд. Роҳҳои истифодаи онро фаҳмонданд.
Фестивал аз субҳ бо марафони пиёдагардии «Барои ҳаёти солим — 5 ҳазор қадам» оғоз гардида, бо барномаи консертӣ анҷом ёфт.
Дирӯз дар ноҳияи Нарпай низ фестивали ҷавонон таҳти шиори «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав, муттаҳид шавем!» доир гардид.
Дар доираи фестивал тадбиру вохӯриҳо, бозиҳои интеллектуалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуда, дар анҷом ғолибон аз ҷониби ҳокимияти ноҳия мукофотонида шуданд.
— Дастгирии ҷавонон яке аз самтҳои бартариноки сиёсати кишвари мо мебошад, — гуфт Ҳ.Шодиев. — Инак, чанд сол ин ҷониб 30‑юми июн чун Рӯзи ҷавонон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Фестивали ҷавонон, ки имрӯз дар ноҳияи мо дар доираи моҳонаи ҷавонон гузаронида шуд, моро ба ҳам овард, муттаҳид кард. Вақте ҷавонон муттаҳид мешаванд, татбиқи нақша ва ислоҳот осон мегардад. Чунки ҷавонон нерӯи созанда ва ворисони ояндаи кишвар ҳастанд.
Дар анҷоми фестивал бо иштироки сарояндагони хушовоз барномаи консертӣ доир гардид.
Б.МУСТАНОВ.
