Ovozi.uz

КИТОБИ ЗЕРИ БОЛИН

кӯдакро аз балоҳо дур медорад…

Имрӯзҳо дар мамлакатамон барои ба китоб ва китобхона рӯй овардани мардум имконияти зиёд роҳандозӣ гардидааст. Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев озмунҳои китобхонӣ эълон шуда, беҳтаринҳо ҳатто бо мошинҳои сабукрав мукофотонида мешаванд. Китобҳои муҷаҳҳаз аз рафҳои китобхонаҳо ҷой гирифтааст.
Нашриётҳои давлативу хусусӣ дар хидмати аҳли қаламанд. Муҳаррирони болаёқату пуртаҷриба фикри тозаву нури чашмони хешро дареғ надошта, аз паи таҳрири аълосифати эҷодкоронанд. Мусаҳҳеҳу кормандони техникии нашриётҳо барои сифати аълои китобҳо дар майдони рақобат пойкӯбӣ мекунанд. Аммо… ростӣ, маҳсули ин ҳама ранҷҳо — китобҳо дар китобхонаҳо хонандаи бисёр надоранд.
Дод мезанем, шикоят мекунем ва сахт норозӣ мешавем, ки бачаи ин замон китоб намехонад, аз матбуот дур аст! Баҳона пеш меорем, ки сомонаҳои интернетӣ барин воситаҳои техникии таблиғотӣ бачаҳоро аз сари китобу рӯзномаҳо дур карданд. Вале, ҳамаи талошҳо дар ҷодаи ба рӯзномаву китобхонӣ баргардонидани насли наврас барабас мераваду ба назар бефоида менамояд.
Ба фикри ман, баробари тадбирҳои дигар боз ба ду чиз бояд эътибор дод:

  1. Тиббиёт ва унсурҳои дини мубини Ислом исбот намудааст, ки фарзанди инсон ҳанӯз дар шакли ҷанинии чормоҳагӣ дар батни модар гӯши шунаво пайдо мекунад ва бо қазову қадар ошно мешавад. Агар чунин аст, бояд ҳангоми аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштани ҷавонони болиғ ба онҳо китоб тӯҳфа намоянд. Навхонадорон агар имконият дошта бошанд, адабиётҳои заруриро харанд. Дар ин сурат ҳам бо китоб ошно мешаванду ҳам аз асосҳои оиладорӣ хабардор. Падару модари ҷавон, ки китобхон шуд, албатта ба насли вай бетаъсир намемонад. Як оилаи китобхону бофарҳанг ба вуҷуд меояд.
  2. Пештар ҳам дар гаҳвора ва ҳам дар арғунчак, ки вазифаи гаҳвораи тобистонаи кӯдакро иҷро менамуд, зери болини навзод китоб мегузоштанд. Бештар Қуръон ва куллиёти Хоҷа Ҳофиз ҳамрозу ҳамдами кӯдак буд. Тифлакро аз балоҳо дур медошт. Меҳри бача ба китоб ҳанӯз аз гаҳвора пайдо мешуд. Аллаи модари босавод рӯҳи фарзандро ба олами маънавӣ мебурд.
    Ҳоло аксарияти модарони ҷавон, ки хеле пуркору серташвиш шудаанд, хобонидани фарзанди азизи худро ба ихтиёри телефон супурдаанд. Яке аз ошноҳоям бо ифтихор гуфт, ки наберааш то суруди «Кӯк жигули»-ро нашунавад, хоб намекунад. Келинаш машшота асту то нимашаб бо кор банд. Акнун гӯед, ки аз чунин модару тифли ӯ чӣ интизор шудан мумкин аст?
    Хуб мебуд агар, асолати бисёрсолаи халқамонро эҳё намуда, зери болини кӯдак китоб гузорем… То умре китоб бо ӯ ҳамроҳ гардида, аз балои бедонишиву офати нодонӣ нигоҳ дорад!
    Шумо ба ин чӣ мегӯед, хонандаи гиромӣ?

Озод ҲАМИДЗОДА,
сарвари нашриёти «Лоиқи Озод»,
узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон
.