Ҳоло бо мақсади таъмини шуғли аҳолӣ дар минтақаҳои кишварамон марказҳои бозомӯзии касбу ҳунар ташкил гардида, ба сокинони маҳаллаҳо асрори касбу ҳунарро ройгон меомӯзанд. Дар ин самт дар вилояти Самарқанд, аз ҷумла дар ноҳияи Булунғур низ як қатор корҳо амалӣ гардиданд.
Рӯзи 11 уми июни соли равон бо мақсади шинос кардани кормандони соҳаи воситаҳои ахбори оммавӣ бо корҳое, ки дар ноҳияи Булунғур бобати таъмини шуғли аҳолӣ иҷро мешаванд, пресс-тур ташкил гардид.
Меҳмононро ёрдамчии ҳокими маҳаллаи «Янгиариқ»-и ноҳия Бектош Маматқулов роҳбаладӣ намуд. Иштирокдорони пресс-тур нахуст аз коргоҳи дӯзандагии ин маҳалла дидан карданд.
— Дар асоси кредити имтиёзнок мошинаҳои дӯзандагӣ харида, бонувонеро, ки дар «Дафтари занон» сабти ном шудаанд, бо кор таъмин кардем, — гуфт роҳбари коргоҳ Нигора Отабоева. — Ҳоло 5 коргар дорем ва мехоҳем дар оянда шумораи онҳоро зиёд ва доираи фаъолияти корхонаро васеъ намоем.
Дар идома журналистон ба мавзеи экотуризми маҳаллаи мазкур рафтанд.
— Ин мавзеи сайёҳӣ ба наздикӣ фаъолияташро оғоз мекунад, — гуфт сарвари он Тӯрақул Қаюмов. — Мавзеъ дар 2 гектар майдон ташкил гардида, дар он бассейн, хонаҳои истироҳатӣ, боғи ботаникӣ, бунёди сиҳатгоҳи дуошёна, ошхона ва дӯкон дар назар аст. Ҳоло дар ин маскан 14 нафар меҳнат мекунанд.
Баъд иштирокдорон аз Маркази бозомӯзии касбу ҳунар, воқеъ дар маҳаллаи Мингчинори ноҳия, дидан карданд. Дар ин ҷо бозомӯзии сартарошӣ, пазандагӣ, тарбиятгарӣ, устои электр, электр-пайвандгар ба роҳ монда шудааст.
— Марказро соли 2021 ташкил кардем, — гуфт роҳбари марказ Абдуалим Умрзоқов. — Он дар ноҳияҳои Булунғур, Тайлоқ, Ҷомбой ва Ургут ҷамъ 35 филиали худро дорад. Дар ин марказҳо ба сокинони аз 18 то 60 солаи маҳаллаҳо дар давоми 3 моҳ асрори касбу ҳунар ройгон омӯхта мешавад.
Таъкид гардид, ки таҳсилгирандаи маркази мазкур, соҳибкори ҷавон Қобилҷон Баҳриев пас аз бозомӯзии ҳунар сехи «Оқсарой»-ро ташкил карда, коркарду сохтани мебелро ба роҳ монд. Ҳоло дар ин ҷо 10 нафар бо кор таъмин буда, 40 намуди мебелро истеҳсол мекунанд.
Манзили навбатӣ коргоҳи пойафзолсозии «Алп-экспо»-и маҳаллаи «Мингчинор» буд, ки ба ин корхона Алиҷон Мамараҷабов роҳбарӣ мекунад. Сех соли 2022 дар дохили маҳалла ва баъдан дар алоҳидагӣ фаъолият намуда, дар сех 13 нафар кор мекунанд. Маҳсулоти коргоҳ асосан ба Русия, Қазоқистон содирот гардида, дар бозори дохилӣ низ фурӯхта мешавад.
Ҳоло дар ноҳия теъдоди чунин корхонаҳои хурд зиёданд, ки шогирдони Марказҳои касбу ҳунар таъсис додаанд.
Н.БОБОАҲМЕДОВ
