Дар Бонн дар Рӯзи байналмилалии мубориза бо биёбоншавӣ ва хушксолӣ номи барандагони ҷоизаи СММ «Чемпионҳои Замин» эълон шуд. Онҳо ҷавононе мебошанд, ки дар ҳалли проблемаҳои экологии ҷаҳон саҳм мегузоранд.
Дар байни 10 нафар ғолиби озмун экологҳо, муҳандисон, кишоварзон ва соҳибкорон ҳастанд. Сидхеш Сакореи ҳиндӣ аз рӯйи ихтисос муҳандис аст, аммо панҷ сол муқаддам фермер шуд. Вай ширкатеро махсус барои кумак ба хоҷагиҳои хурд дар татбиқи моделҳои инноватсионии агроҷангал таъсис додааст.
“Мо ба ҳар як майдон муносибати инфиродӣ дорем. Аввал ҳолати заминро месанҷем, баъд ниҳолҳои ба иқлим мувофиқ мешинонем ва дар баробар ин, ғалладона ё шолӣ низ мекорем. Агар як ҳосил бимирад, дигаре ҳатман самар медиҳад”, – гуфт Сидхеш Сакоре.
СММ мекӯшад, ки ҷавононро ба ҳаракати наҷоти сайёра аз хушксолӣ ҷалб созад. Чоряки замини ҷаҳон дигар барои кишоварзӣ мувофиқ нест ва ин на танҳо ба кишварҳои ҷанубӣ дахл дорад. Ҳама давлатҳо бо ҳам алоқаманданд. Масалан, чангу намак аз қаъри баҳри хушкшудаи Арал, аллакай, ба Антарктида расидаанд.
СММ номҳои нави «Чемпионҳои Замин»-ро эълон кард
